ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ АЗ НИГОҲИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ. Мулоҳизаҳо доир ба ҷаласаи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 03.11.2018./АМИТ «Ховар»/. Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакатро, ки аз самтҳои стратегии фаъолияти ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, борҳо дар ҷаласаҳои худ ба муҳокимаи ҷомеаи шаҳрвандӣ гузоштааст. Чанде қабл, аниқтараш 12 октябри соли ҷорӣ, ҷаласаи навбатии Шўрои ҷамъиятӣ доир гардид, ки дар он лоиҳаи «Барномаи давлатии таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии давлат ва Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад, зеро яке аз рукнҳои муҳими истиқлолияти давлатӣ худтаъминкунии аҳолӣ бо маводи ғизоӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадафи стратегӣ ба таври мунтазам тадбирҳои судманд меандешад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 чунинзикр намуда буданд: «Мо амнияти озуқавории кишварро танҳо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худро ҳарчи бештар афзоиш дода, аз маводи ѓизоии воридотӣ камтар вобаста бошем».
Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, бо назардошти тағйиротҳои солҳои охир, ки дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омаданд, дар баробари амнияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат инчунин амнияти озуқавории кишвар низ махсус зикр гардида, ба масъалаи дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат диққати ҷиддӣ дода шудааст.
Вобаста ба ин, Шўрои ҷамъиятӣ, ҳамчун ниҳоди муҳими ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ва шарики боэтимоди давлат оид ба ин масъала аз соли 2010 инҷониб мавзўъҳои «Рушди кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон», «Асосҳои экологию генетикии бехатарии биологӣ ва озуқаворӣ дар Тоҷикистон», «Оид ба татбиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ гардидани ҳадафи таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар: дурнамо, дастовардҳо ва мушкилот» ва ғайраҳоро дар ҷаласаҳои Шўро баррасӣ намудааст.
Дар ин ҷаласаҳо бо иштироки аъзои Шўрои ҷамъиятӣ, мутахассисон ва коршиносони мустақил масъалаҳои гузошташуда, мушкилоти мавҷуда дар соҳаи кишоварзӣ, самтҳои асосии бехатарии биологӣ ва озуқаворӣ дар Тоҷикистон ҳамаҷониба баррасӣ шуда, пешниҳодоти ҷолиб ва аз ҷиҳати илмӣ асоснок манзур гардиданд.
12 октябри соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Шўрои ҷамъиятӣ доир гардид, ки дар он лоиҳаи «Барномаи давлатии таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласа намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон суханронӣ намуда, лоиҳаи «Барномаи давлатии таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро шарҳу эзоҳ доданд, дар бораи имконият ва дурнамои раванди амалишавии Барнома ибрози назар карда, ба саволҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ посух гуфтанд.
Аъзои Шўрои ҷамъиятӣ оид ба ҷанбаҳои гуногуни соҳавии таъмини амнияти озуқаворӣ, муҳимияти қабули Барнома андешаҳои худро иброз намуда, пешниҳодҳои мушаххас баён карданд.
Аз ҷумла, ҷиҳати ҳалли масъалаи обёрии кишоварзӣ: Дар айни замон масъалаи соҳибмулкии иншооти дохили хоҷагии обрасонӣ — каналу ҷўйҳо, заҳбуру заҳкашҳо, роҳу пулҳо ва дигар иншоот ҳалли худро наёфтааст. Бо ин сабаб иншооти мазкур бесоҳиб монда, таъмиру барқарор карда намешаванд. Ҳоло дар мамлакат зиёда аз 380 ассотсиатсияи истифодабарандагони об фаъолият доранд. Мушкилот дар ин аст, ки на ҳамаи аъзои ассотсиатсияҳо малакаи зарурӣ дар соҳаи кишоварзӣ доранд, ки ин бевосита ба самаранокии истифодаи заминҳо ва гирифтани ҳосили дилхоҳ таъсири манфӣ мерасонад.
Мушкилоти дигар дар соҳаи аграрӣ ин аст, ки таъминот бо нуриҳои минералӣ имрўз дар ҷумҳурӣ тибқи талаботи агротехникӣ ба роҳ монда нашудааст.
Дар самти таҷдиди заминаи моддию техникии истеҳсолоти кишоварзӣ: Имрўз, тибқи маълумоти оморӣ, дар ҷумҳурӣ 26,4 ҳазор тракторҳои гуногун мавҷуданд, ки танҳо 19,5 ҳазор адади онҳо коршоям мебошанд. Теъдоди баъзе навъҳои техникаи муҳими кишоварзӣ ниҳоят кам мебошад, ки ин саривақт ва босифат гузаронидани корҳои агротехникиро мушкил мегардонад.
Бояд зикр намуд, ки тибқи меъёрҳои амортизатсионӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8-10% парки техникӣ бояд нав карда шавад. Аз ин бармеояд, ки дар баробари 19,5 ҳазор адад тракторҳои гуногуни коршоями кишоварзӣ бояд ба ҷумҳурӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна 1500-1900 техникаи нав ворид карда шавад.
Дар самти омода намудани мутахассисони ватанӣ дар соҳа: Ба таъмини илмии татбиқи Барнома Академияи илмҳои кишоварзӣ, муассиса ва пойгоҳҳои он, Донишгоҳи аграрӣ ва коллеҷҳои соҳавӣ бояд аҳамияти махсус диҳанд. Ба сифати кадрҳои омодагардидаи соҳаи кишоварзӣ ва сохторҳои алоқаманд дар Совхозтехникуми Вахш ва Мастчоҳ, Техникуми гидромелиоративии Зафаробод ва Политехникуми шаҳри Душанбе, ки дар гузашта дар тайёр кардани мутахассисони самтҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ саҳми бузург доштанд, диққати махсус дода шавад.
Дар самти мукаммал гардонидани «Барномаи давлатии таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»: Ба Барнома дастгирӣ ва рушди сифати генофонди маҳаллӣ бо назардошти устувории амнияти озуқаворӣ дохил кардан лозим аст. Барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ аз нуриҳои органикии аз ҷиҳати экологӣ тоза аз қабили “Вермокомпост” истифода бояд бур. Барои муайян намудани бехатарии маҳсулотҳои озуқаворие, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд бояд озмоишгоҳҳои махсус таъсис дода шаванд.
Аъзои Шўрои ҷамъиятӣ зикр карданд, ки мониторинг ва арзёбии раванди татбиқи Барнома бояд ҳамчун банди алоҳида нишон дода шавад.
Дар барнома ба назар мерасад, ки ба заминҳои наздиҳавлигӣ такяи асосӣ карда шудааст. Ҳануз 900 сол пеш файласуф, иқтисоддон ва риёзиётшиноси бузурги тоҷик Закариёи Розӣ навишта буд: «Самаранокии меҳнати ҷамиятӣ аз меҳнати инфиродӣ якчанд маротиба афзунтар аст». Пас мо бояд дар Барнома ба масъалаҳои ташкили хоҷагиҳои калонҳаҷм дар асоси муттаҳидшавии ихтиёрии онҳо бештар таъкид кунем.
Судҳои ҳакамӣ — органи судии ғайридавлатӣ, ки баҳсҳои иқтисодӣ (хоҷагидорӣ)-ро байни шахсони ҳуқуқӣ, байни шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ё байни худи шаҳрвандон баррасӣ ва ҳал менамоянд, фаъол карда шаванд.
Маблағгузории татбиқи Барнома, ки ҳар сол 500 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, нокифоя аст. Таъмини амнияти озуқаворӣ ин таъмини амнияти миллӣ аст. Дар Барнома ҳам таъкид шудааст, ки он «омили бақои давлатдорӣ ва истиқлолият» мебошад. Аз ин рў, тамоми воситаҳои таъминкунандаи амнияти озуқавории ҷумҳуриро таҳлили амиқ намуда, ҷудо намудани маблағҳои заруриро барои амалӣ кардани он аз нав дида баромадан лозим аст.
Баррасии лоиҳаи Барнома дар байни олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии хоҷагиҳои деҳқони (фермерӣ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоҷагидорон ба мақсад мувофиқ дониста шуд.
Дар рафти муҳокимарониҳо аъзои Шўрои ҷамъиятӣ ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд, ки ба ҳайати Гуруҳи кории қабули лоиҳаи Барнома намояндагони ташкилотҳои аъзои Шўрои ҷамъиятии бевосита бо соҳаи аграрӣ иртибот дошта ворид карда шаванд. Ҷиҳати амалӣ намудани ин пешниҳод намояндагони панҷ ташкилоти ҷамъиятии аъзои Шўрои ҷамъиятӣ ба Гурўҳи кории қабули лоиҳаи «Барномаи давлатии таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шомил шуданд.
Иштирокчиёни ҷаласа зикр намуданд, ки агар проблемаҳои мавҷуда ҳаллу фасл шаванд, дар ояндаи наздик кишварамон на танҳо бо озуқаворӣ таъмин мегардад, балки ҷумҳурии содиркунандаи маҳсулоти баландсифати кишоварзӣ хоҳад шуд.
Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти мубрам будани ин мақсад дорад дар оянда низ ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир карда, роҳҳои боз ҳам бештар комёб шудан дар ин соҳаро аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ мушаххас созад.
Нуралӣ САИДОВ,
Котиби ҳамоҳангсози
Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон