Аслиддин Низомӣ сазовори унвони «Профессори фахрии Консерваторияи миллии Ӯзбекистон» гардид
ДУШАНБЕ, 24.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии эҷодии мусиқишиноси маъруфи тоҷик, аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ дар мавзӯи «Шашмақом чун рамзи пайванди фарҳанги тоҷику ӯзбек» бо ҳайати устодону донишҷӯёни Консерваторияи миллии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Тавре раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, вохӯрии мазкур дар доираи робитаҳои судманди эҷодию илмии байни Тоҷикистону Ўзбекистон бо даъвати Вазорати маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид.
Ба иттилои манбаъ, барои саҳмгузорӣ дар пешбурди илми санъатшиносӣ ва таҳқиқи мукаммали ҷанбаҳои таърихӣ-назариявӣ ва эстетикии мусиқии анъанавию касбӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои байналмилалии илмӣ бо қарори Шўрои олимони Консерваторияи миллии Ўзбекистон олими тоҷик Аслиддин Низомӣ бо унвони олии «Профессори фахрии Консерваторияи миллии Ӯзбекистон» сарфароз гардид.
Бояд тазаккур дод, ки бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон илми санъатшиносии тоҷик дар сохтори самтҳои афзалиятноки илмҳои мамлакат мавқеи хосса дошта, дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидааст.
Айни замон мусиқишиносони тоҷик баҳри татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниёзҳои воқеии илмӣ-амалии фарҳанг ва санъат корҳои зиёди илмӣ-тадқиқотиро мавриди таҳқиқ қарор дода, вобаста ба масоили таърихию назариявии санъати миллӣ, такомули методологии таҳқиқоти илмӣ дар равияи санъатшиносии миллӣ пажўҳишҳои муфид анҷом дода истодаанд.
Дар баробари рушди фарҳанги миллӣ ва ворид шудани Тоҷикистон ба фазои ҷаҳонии тамаддун айни замон тарғиби санъати мусиқии касбии тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мақоми аввалиндараҷа пайдо мекунад.








Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд






