Бо кӯшиши Наҷмиддини Кавкабии Бухороӣ бори аввал куллиёти шеърии мақом, аз ҷумла «Дувоздаҳмақом» тартиб дода шуд, — бардошт аз Конфронси байналмилалии илмӣ
ДУШАНБЕ, 14.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Наҷмиддини Кавкабӣ ва анъанаҳои таърихию бадеии мардумони Осиёи Марказӣ: дирӯз ва имрӯз» Конфронси байналмилалии илмӣ доир гардид.
Конфронсро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз бахшида, иброз дошт, ки имсол бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар 550 — солагии мусиқидон, шоир ва навозандаи тоҷик Наҷмиддини Кавкабӣ ҷашн гирифта мешавад. Қарори мазкурро Бунёди илму маориф ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) дастгирӣ намудааст.
Ба гуфтаи мудири шуъбаи таърих ва назарияи санъати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон професор Аскаралӣ Раҷабов, Наҷмиддини Кавкабии Бухороӣ аз барҷастатарин чеҳраҳои адабӣ буда, на танҳо дар Шарқи миёнаи наздик, балки дар таърихи адабиёту фарҳанги тоҷикон аввалин донишманде мебошад, ки масъалаи мусиқиро бо назм баён кардааст. Ӯ дар замони хеш аз чеҳраҳои номдори адабию ҳунарӣ маҳсуб шуда, дар таҳқиқи мусиқӣ эътибори зиёд пайдо намудааст. Кавкабӣ мактаби мусиқии Бухороро роҳбарӣ намуда, оид ба мусиқии тоҷик якчанд рисолаҳо таълиф кардааст. «Рисолаи мусиқӣ», «Рисола дар баёни Дувоздаҳмақом», «Куллиёти Дувоздаҳмақом», «Назми Дувоздаҳмақом» аз арзишмандтарин рисолаҳои муаллиф ба ҳисоб мераванд.
«То Наҷмиддини Кавкабӣ олимон доир ба мусиқии классикӣ, махсусан санъати мақом рисолаҳои зиёд навишта буданд, лекин бори аввал бо кӯшиши ӯ куллиёти шеърии мақом, аз ҷумла «Дувоздаҳмақом» тартиб дода шуд. Ин иқдоми Кавкабӣ минбаъд барои таҳияи матни назмиёти «Шашмақом» заминаи устувор гузошта, берун аз ҳавзаҳои Мовароуннаҳру Хуросон низ густариш ёфт. Ӯ мактаби классикии мусиқӣ, аз ҷумла, анъанаи эҷод, иҷро ва таҳқиқи «Дувоздаҳмақом» — ро дар шакли нав идома дод. Наҷмиддин аз чеҳраҳои бузурге мебошад, ки дар такя ба суннатҳои дерини анъанаи эҷодӣ ва таҳқиқи мусиқӣ на танҳо дар ҳаёти фарҳангии Мовароуннаҳру Хуросон, инчунин дар ҳавзаҳои дигари Эрон ва Ҳинд диди нав ворид карда, таъсири зиёд гузошт»,-зикр намуд Аскаралӣ Раҷабов.










Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






