Дар Душанбе ғолибони озмуни «Китоби сол-2018» муайян гардиданд

Декабрь 29, 2018 12:20

ДУШАНБЕ, 29.12.2018. /АМИТ/ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2018» ҷамъбаст гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, озмун бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муҳтаво ва ороиши китобҳо баргузор карда шуд.

Дар оғози барнома муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб ҳозиринро барои иштироки фаъолона дар озмун табрик намуда, иброз дошт, ки мақсад аз баргузории озмун дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик аст, ки ба меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ ҷавобгӯй бошанд. Инчунин асарҳое, ки ба озмун пешниҳод гардиданд,  фарогири мавзӯъҳои ваҳдати миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тарғиби дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва ба ин восита, арҷгузорӣ ба тамаддун ва фарҳанги миллӣ буданд.

Озмун аз рӯи шартҳои маҳорати маъниофарӣ, риояи санъати сухан, бадеият, забон, услуб, пайвастагии афкор ва банду басти силсилаи воқеаҳо, мувофиқати мазмуну мундариҷаи асар бо талаботи замони муосир гузаронида шуд.

Ба ғолибони китобҳои назм, наср, публисистӣ ва назму насри бачагона диплому мукофотҳои соҳавӣ ва моддии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Дар бахши назми озмун Гулрухсор Сафиева барои таълифи китоби «Лабчанг», Камол Насрулло барои китоби «Дар оғӯши хазонрез» ва Гурез Сафар барои китоби «Се тори ҳамнаво» ғолиб гардиданд.

Дар бахши наср Сироҷиддин Икромӣ барои таълифи китоби «Боздошти муҳоҷир», Абдурауф Муродӣ барои китоби «Пайкори мӯрон» ва Шодӣ Раҷабзод барои нашри китоби «Ранҷиш» қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин дар озмун як зумра асарҳои публисистӣ низ ғолиб дониста шуданд. Аз ҷумла, нависанда Туҳфа Расулӣ барои асари «Духтари баҳор» ва Маҷид Салим барои ҳикоёти «Бешаи палангон» ғолиб дониста шуданд.

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Камол Насрулло ва яке аз ғолибони озмун зимни барномаи фарҳангӣ иброз дошт, ки мақсад аз баргузории озмун он аст, ки ба ин восита ҷавонон ба китобхонӣ майлу рағбати бештар пайдо намоянд.

 «Гузаштагони мо китобро манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақлу хирад, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, оинаи ҳаёти башар, калиди ҳама муваффақиятҳо ва бештар аз ҳама, аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ номидаанд»,- зикр намуд Камол Насрулло.

Мавриди зикр аст, ки озмун бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

 

Декабрь 29, 2018 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад