Дар шаҳри Кӯлоб намоиши сад ранги чакан доир гардид

Декабрь 22, 2018 11:21

КӮЛОБ, 22.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб ба шарафи дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии Бунёди маориф ва илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид  (ЮНЕСКО) шомил шудани чакан дар назди Қасри фарҳанги шаҳр ҳамоиш доир намуданд. Дар он ҳунармандони шаҳру деҳот ҷамъ омада, намоиши ин ҳунари волои хешро ба маъраз гузоштанд. Занону духтарон дар бар куртаҳои чакан аз он ифтихор мекарданд.

Дар намоишгоҳ нақшҳои гуногуну пурмазмуни чаканро вохӯрдан мумкин буд, аз ин рӯ ин намоишро сад ранги чакан номиданд. Ҳунармандони касбӣ ба намоишгоҳ бо шогирдонашон омада, бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ ва осмони софу беғубори диёр ба сатҳи ҷаҳонӣ баромадани ҳунари миллиамон-чаканро фоли нек ҳисобиданд.

Раиси шаҳри Кӯлоб кулли ҳунармандон ва сокинони шаҳрро бо ин рӯйдоди фараҳбахш табрик гуфта, зикр намуд, ки «дар бораи чакан садҳо асарҳои илмӣ иншо гардида,  даҳҳо корҳои тадқиқотӣ бурда шудаанд. Чакан шиносномаи мардуми водии Кӯлоб ба шумор мерафт ва ҳоло он шиносномаи миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон гардид, ки  мо аз ин мефахрем».

Сипас дар ҳолати тантанавӣ ба як гурӯҳ ҳунармандоне, ки дар рушди ин ҳунари хонаводагӣ саҳми арзанда гузоштаанд, сипоснома, ифтихорнома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  супорида шуданд.

Ба намоиш кормандони шуъбаи фарҳанг ва Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ  Вализодаи шаҳр шукӯҳи тоза бахшиданд.

Декабрь 22, 2018 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд