Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо дар ҷумҳурӣ охири моҳи январ оғоз мешаванд. Бо АМИТ «Ховар» дар тамос бошед!
ДУШАНБЕ, 15.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату кумита ва агентию идораҳо 28 январи соли 2019 оғоз мегарданд.
Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳамарӯза аз ҷониби якчанд вазорату кумитаҳо баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имконият доранд ба дилхоҳ саволу пурсишҳояшон ҷавоб гиранд.
Масъулони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ гузаронидани онҳо ба рақамҳои 221-34-24, 888-08-34-04 занг зада, мувофиқа намоянд. Ҳамарӯза дар сомонаи Агентии миллии иттилотии Тоҷикистон «Ховар» сана ва соати баргузории нишасти матбуотии идораҳо нашр мегардад.
Тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишастҳои матбуотӣ 28 январ оғоз гардида, 15 феврал ҷамъбаст мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 гузаронида мешаванд.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад






