ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Баъди ба кор андохтани агрегати аввал ва дуюми Неругоҳи «Роғун» имконияти бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ дар ноҳияи Роштқалъа низ фароҳам меояд

Январь 10, 2019 11:13

ХОРУҒ, 10.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Симои марказ ва деҳоти ноҳияи Роштқалъа давоми чанд соли охир комилан тағйир ёфтааст. Онҳое, ки ҳамагӣ даҳ сол қабл ба маркази ин ноҳия сафар карда бошанд, ин тағйироти куллиро эҳсос мекунанд. Танҳо ҳаминро хотиррасон кардан басанда аст, ки то соли 2004 буҷаи ноҳия ҳамагӣ 1,7 миллион сомонӣ маблағ дошт, соли 2018 он ба 22 миллиону 800 ҳазор сомонӣ расид.

Мудири бахши иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Вафо Ниёзмамадов гуфт, ки «тайи 13 соли охир бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои иқтисодӣ дар ҳудуди ноҳия 300 ишоот ба маблағи 450 миллион сомонӣ бунёд карда карда шуданд. Ба инкишофи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2016- 2020», ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, боз як такони дигар бахшид. Дар доираи барномаи мазкур, ки аз 128 банд иборат аст, сохтмон, таъмиру навсозии зиёда аз 100 иншоот дар назар гирифта шудааст. Барои дар амал татбиқ кардани лоиҳаи мазкур Ҳукумати ҷумҳурӣ 237 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст».

Дар Паёми соли 2017 Пешвои миллат соли 2018-ро  Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Ин сол дар инкишофи инфрасохтори деҳот, бунёди биноҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, марказҳои хизматрасонӣ, коргоҳҳои хурди бофандагию ресандагӣ ва чӯбкорию оҳангарӣ саҳми муассир гузошт.

Инчунин дар ин сол ба мақсади ҷалби сайёҳон чандин хатҳои нави сайёҳӣ кушода шуданд. Аммо барои ба сатҳи байналмиллӣ расондани тамоми хизматрасониҳои маишӣ, фарҳангию ҳунарӣ як сол басанда нест. Бинобар ин дар Паёми навбатии худ аз 26 декабри соли 2018 Пешвои миллат дар ин бора хотиррасон карда, изҳор доштанд, ки «эълон  гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд. Барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест».

Пешвои миллат дар муроҷиат ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳия бори дигар таъкид карданд, ки ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, рушди инфрасохтори деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо ин мақсад ҷалб намудани сармояи ватаниву хориҷӣ масъулияти бештар зоҳир карда, бо ҷойи корӣ таъмин кардан ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани мардумро низ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ шуморанд

Дар баробари дигар ноҳияҳои вилоят ноҳияи Роштқалъа низ аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст. Барои истихроҷ ва ба кор андохтани ин сарватҳои табиӣ, пеш аз ҳама, неруи кофии барқ зарур аст. Баъди ба кор андохтани агрегати аввал ва дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» имконияти бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ дар мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Роштқалъа фароҳам меояд.

Ногуфта намонад, ки дар худи ноҳия сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» оғоз ёфт. Санги асоси онро соли 2015 бевосита Пешвои миллат гузошта буданд. То имрӯз дар ин неругоҳ корҳои заминӣ ба маблағи 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ анҷом дода шудаанд. Умедворем, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани ин неругоҳ сатҳу сифати зиндагии сокинони деҳоти ноҳия бамаротиб беҳтар хоҳад шуд.

Январь 10, 2019 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони деҳаи Фуруғдеҳи ноҳияи Хуросон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар ноҳияи Ёвон кишти картошка идома дорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтон аз охири моҳи ноябр ва аввали декабр оғоз мегардад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир мегардад
Ассамблеяи СММ оид ба муҳити зист қатъномаи Тоҷикистонро оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера қабул намуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони ноҳияи Ёвон заминҳои наздиҳавлигиро оқилона истифода мебаранд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд майдони гармхонаҳои инноватсионӣ зиёд мегардад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 16 навъи меваи ситрусӣ парвариш меёбад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон муассисаҳои соҳаи маориф бунёд мегарданд
«МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР СОҲАИ ТИҶОРАТ». Дар Душанбе масъалаҳои муқовимат ба ин зуҳурот ва дастгирии соҳибкорӣ баррасӣ шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон беш аз 200 иншооти таъйиноти гуногун сохта мешавад
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид