ДАРАХТ БИНШОН! Бо истифода аз таҷрибаи Неъмат Усмонов дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Б. Ғафуров қариб 2 ҳазор бех навъҳои ангур шинонида шуданд

Январь 9, 2019 12:15

ДУШАНБЕ, 09.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳотам», «Абдумалик» ва «Абӯбакри Мирзоҷон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо истифода аз таҷрибаи деҳқони маъруфи кишвар Неъмат Усмонов токзор бунёд ва парвариши ангур ба роҳ монда мешавад. Дар шаш гектар замини хоҷагиҳои зикршуда қариб 2 ҳазор бех навъҳои ангури «кишмиши сиёҳ», «ҳусайнии сурху сафед», навъи «шоҳона» ва «победа» шинонида шудааст. Ба гуфти мутахассисони соҳа, токзори нав дар соли сеюм ба ҳосил медарояд.

Мавриди зикр аст, ки бунёди токзори интенсивӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба нақша гирифта шуда, амалӣ гардида истодааст.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, 7 январ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо раванди корҳо ба Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафта, бо нақшаи бунёди токзори интенсивӣ ошно гардид.

Зикр шуд, ки минбаъд дар ин мавзеъ ба ҷойи токзори кӯҳна чунин токзори замонавӣ бунёд мешавад. Ҷиҳати сари вақт анҷом додани корҳои агротехникӣ ва самаранок истифода намудани замин масъулин вазифадор гардиданд.

Истифодаи усули нав ва таҷрибаи пешрафта дар соҳаи токпарварӣ дар вилояти Суғд таҷриба гардида, самараи хуб дода истодааст. Чанде пеш як гурӯҳ мутахассисон ва масъулини соҳаи кишоварзӣ бо роҳбарии муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода ба шаҳри Турсунзода сафар намуда, бо фаъолияти деҳқонони маъруф Неъмат Усмонов ва Камол Мадумаров дар самти парвариши токзор шинос гардиданд. Табодули таҷриба ва омӯзишу ба роҳ мондани усули пешрафтаи токпарварӣ барои баланд бардоштани сифати маҳсулот ва васеъ намудани майдони токзор мусоидат хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо аз ҷониби соҳибкорони вилоят, ки бо кишоварзони берун аз кишвар, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Беларус, Чехия ва Полша шартномаҳои ҳамкории судманд доранд, баҳри рушди соҳаи кишоварзии мамлакат ва вилоят навъҳои гуногун ва серҳосили ниҳолҳои қадпасти ток оварда шуда, бо тарзу усули тавсияшуда боғҳои интенсивӣ ташкил гардида истодаанд.

Имрӯзҳо бунёди чунин намуд боғҳо дар мисоли парвариши ниҳолҳои гуногуни себ дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Спитамен, Б.Ғафуров, Исфара, Конибодом ва Панҷакент  хуб ба роҳ монда шудааст. Тибқи нақшабандӣ, масоҳати умумии онҳо аз 3 то 9 гектарро дар бар хоҳад гирифт.

Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд дар доираи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» соли 2018 бунёди 252 гектар боғу токзори нав ба нақша гирифта шудааст. То ин давра 794 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки аз нақшаи дурнамо 3,1 баробар зиёд мебошад. Аз ин миқдор майдони боғоти нав 736 гектар ва токзори нав 58 гектарро ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин давоми 11 моҳи соли 2018 аз вилоят ба хориҷи кишвар 392 тонна (соли 2017 — 212 тонна) ангур ба маблағи 62 ҳазор доллар содирот карда шудааст.

Январь 9, 2019 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон раванди татбиқи низоми рамзгузории электронии гурӯҳҳои муайяни молҳо амалӣ мегардад
Лоиҳаи сохтмони роҳу пулҳо дар Бадахшон барандаи ҷоизаи байналмилалии FIDIC Contract Users’ Awards-2025 гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми киберҳуқуқии Осиёи Марказӣ–2025 иштирок намуд
Оид ба маблағгузории устувор дар Тоҷикистон машварат баргузор гардид
Сокинони деҳаи Фуруғдеҳи ноҳияи Хуросон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар ноҳияи Ёвон кишти картошка идома дорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтон аз охири моҳи ноябр ва аввали декабр оғоз мегардад
Дар ноҳияи Мастчоҳ зиёда аз 20 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир мегардад
Ассамблеяи СММ оид ба муҳити зист қатъномаи Тоҷикистонро оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера қабул намуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони ноҳияи Ёвон заминҳои наздиҳавлигиро оқилона истифода мебаранд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд майдони гармхонаҳои инноватсионӣ зиёд мегардад