«САДА» НОМИ ОН ҶАШНИ ФАРХУНДА КАРД…». Ин ид рамзи рӯҳи боландаи ориёӣ буда, дар таъмини ҳастии миллати тоҷик нақши муайян бозидааст

Январь 27, 2019 10:34

ДУШАНБЕ, 27.01.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Чаро дар рӯзи Сада бояд шодию хурсандӣ кард? Ва чаро Фирдавсӣ Садаро  фрӯғу равшанӣ ва ҳадяи Офарнидгор номидааст? Ба ин суолҳо донишиманди тоҷик Муҳаммадсалом  МАХШУЛОВ дар мақолаи худ, ки дар зер пешниҳод мешавад, посух гуфтааст.

Тоҷикон  дар масири таърихи тӯлонии худ ҳаводиси фоҷиабори зиёдеро пушти сар гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо метавонист як қавми томеро ба куллӣ аз байн бубарад.  Тайи садсолаҳо ақвоми дур аз тамаддун ва бераҳму кӯчӣ аз даштҳои шимол сарозер мешуданд, шаҳрҳоро вайрон, киштзорро хароб, мардумро нобуд ва марказҳои фарҳангиро валангор мекарданд.  Писарони баруманди қавми тоҷик ҳамеша алайҳи ин мавҷи мухриби саҳронишинон муқовимат мекарданд ва ҳарчанд баъд аз ҳар як фавҷи  хонумонсӯз фавҷи дигаре ба сарзаминҳои сабзу хуррами  Вароруду Хуросон сарозер мешуд, рӯҳи миллӣ бо вуҷуди шебу фарозҳо ҳамеша побарҷо буд  ва муқовимат ҳамоно идома меёфт.

Яке аз шигифтиҳои таърих он аст, ки ақвоми зиёде бар асари  ҳамлаҳо ва фишорҳои нисбатан нармтари бодиянишинон аз миён рафтанд. Масалан, тамаддуни бузурге бо номи Бизонс (Византия) бар асари ҳамлаи туркон ва фарҳанги шукуфо ва борваре, мисли фарҳанги Мисри Бостон бар асари ҳамлаи арабҳо аз миён рафтанд. Дар ҳоли ҳозир аз мисриёни даврони бостон ва мардуми мутамаддини бизонсӣ дар он сарзаминҳо ба ҷуз дар кутуби таърих дигар асаре намондааст.

Муҳаммадсалом Махшулов

Вале қавми тоҷик, ки тайи даврони тӯлоние фишорҳои аввалини фавҷҳои мутааддиди арабу туркро таҳаммул карда буд, бо вуҷуди он ҳама зарбаҳои ҷонкоҳ ҳанӯз побарҷо ва пӯёву шукуфост. Гузашта аз он,  ин қавми ғаюр бо хиради воло ва фарҳанги тавонои худ он муҳоҷимони ғосибро нармхӯтар ва таҳаммулпазиртар мекард ва аз суннатҳои кишвардории  худ ҷиҳати беҳбуди зиндагии мардум истифода ба амал мевард.

Пас иллати чунин «сахтҷонӣ» ва пояндагӣ, ки аз вижагиҳои боризи қавми тоҷик маҳсуб мешвад, дар чист?

Дар ин росто, ба таври фаровон ва густурда ибрози назар шудааст. Ба унвони ин гуна иллатҳо мухаққиқон аз омилҳои муассире  монанди вижагиҳои фарҳангӣ ва бартарии фарҳангии тоҷикон аз дигар ақвоми муҷовир, минҷумла аз ғосибон; наҳваи шаҳрмеҳварии зиндагии тоҷикон; таҷрибаи таърихии мунҳасир ба фард  ва ғайра ёдовар мешаванд. Ибрози назар роҷеъ ба ин омилҳо дар ҳаҷми як мақолаи кӯчак ғайри қобили имкон аст ва мо инҷо бо баррасии як омили муҳим, ки вобаста ба тасаввуроти мазҳабию фарҳангии тоҷикон буда, то ҳадди зиёде дар ҷашнҳо ва дигар маросимҳои дастаҷамъии ориёӣ инъикос мегардад, иктифо мекунем.

Ба таври мисол, аз чашни маъруфи Сада ёдовар мешавем, ки қабл аз густариши ислом ва тайи қарнҳои даврони исломӣ низ таҷлил карда мешуд.

Ҷашни Сада маъмулан дар даҳумин рӯзи баҳманмоҳи гоҳшумории аҷдодӣ, мутобиқ ба авохири моҳи  январи тақвими милодӣ таҷлил мешуд ва ба боварҳо ҷаҳоншинохтии ориёӣ марбут буд.

Тасаввури асотирии ориёӣ дар мавриди оғози чашни Сада бар пайдоиши оташ ишора дорад ва бар он асос ёфтааст, ки подшоҳи пешдодӣ Ҳушанг дар доманаи кӯҳе мори сиёҳеро дид, санг бар даст гирифт ва бар он мор биандохт ва чун он санг бар санги бузург бархӯрд, фурӯғе падид омад, ки он заминае барои пайдоиши оташи азимтаре гардид. Ва бо суханони ҳаким Фирдавсии Тусӣ:

Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,

Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.

 Ин оташ неъмате буд, ки Офаридгор бар инсонҳо арзонӣ дошт. Ва Хушанг, ки аз ин инояти худовандӣ хеле шод гардида буд, шукри Ҷаҳонофаринро бар ҷой овард:

Ҷаҳондор пеши Ҷаҳонофарин,

Ниёиш ҳамекарду хонд офарин

 Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,

Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.

 Сипас Ҳушанг:

Яке ҷашн кард он шабу бода хвард,

«Сада» номи он ҷашни фархунда кард.

 Аз мазмуни байти охир чунин бармеояд, ки фарзия дар бораи он ки вожаи «сада» баргирифта аз забони порсии бостон (яъне авастоӣ) аст, дуруст буда, он маънии  «фурӯғ»-ро медиҳад.

Ин ривоят худ як тамсилест, ки бар боварҳои ориёии бостон асос ёфтааст. Зеро ки мор ба унвони офаридаи Аҳриман душмани инсонҳо  ва намояндаи нируҳои бадӣ аст. Замоне, ки шоҳ Ҳушанг бо қасди куштани мор санг бар он меандозад, ҳамдастӣ ва ҳамрайъии худро бо офаридгори некию сафо, яъне Ҳурмузд эълом медорад. Ҳурмузд низ дар ивази ин амали некманишонаи Ҳушанг  ба унвони подоши нек бар ӯ ва дигар инсонҳо оташро арзонӣ медорад.

Дар адёни ориёии бостон ва ойини зардуштӣ инсон на танҳо офаридаи Ҳурмузд, балки шарику ҳамнабарди ӯ дар муборизаи беамон бар зидди нируҳои шар ва бар зидди пуштибони ин неруҳо, яъне Аҳриман маҳсуб мешавад. Ҳамин шарикӣ ва ҳамнабардӣ бо Яздон инсонро бар он вомедорад, ки фаъолу кушо ва хирадварзу доно бошад, то битавонад дар пойдории некиву ростӣ ва ободию озодӣ саҳми бештаре бигзорад.

Шодмонӣ ва сурури инсонҳо ҳангоми бар пой доштани чашнҳои ориёӣ низ аз ҳамин реша об мехӯрад. Ва дар ин маврид ҷашнҳои Шаби Ялдо, Сада ва Наврӯз аз лиҳози ҳадафмандӣ пайванди ногусастание ба якдигар доранд.

Зеро Шаби Ялдо вақте бар пой дошта мешавад, ки зимистону сардию зулмот, ки ҳар кадоме ҳамдастони Аҳриман мебошанд, фаро расидаанд. Аз тариқи ниёишҳо ва шодмонию сурур инсонҳо аввалан аз Ҳурмузд барои рафъи ин падидаҳои  аҳриманӣ имдод мехоҳанд ва сониян ҳамдастӣ ва ҳамрайъии хешро бо Ҳурмуз эълом медоранд ва гӯё аз омодагии худ барои мубориза бо неруҳои шарр хабар медиҳанд.  Аммо чун ҷашни Сада фаро мерасад, он мужда аз оташи яздониро бо худ ҳамроҳ дорад, хабар аз шикасти анқариби зимистону сардӣ ва зулмот медиҳад ва инсонҳо бо шукргузорӣ аз тақдими оташ гулханҳои бузург мефурӯзанд ва гирдогирди ин гулханҳо тавассути ниёиш, рақс ва суруд аз ҳампаймонии худ бо Яздон ибрози шодӣ менамоянд.

Ҳангоми баргузории ҷашни  Сада мардум саъй мекрданд, ки гулхане ҳарчи бузургтар биафрӯзанд. Дар ҷамъоварии ҳезум барои чунин як гулхане теъдоди зиёди мардум, сарфи назар аз мансабу мақом ва сатҳи тавонгарӣ ширкат мекарданд ва ба таври дастаҷамъӣ шодмонӣ менамуданд, ки худ рамзи ҳамбастагии тамоми инсонҳо дар мубориза алайҳи неруҳои аҳриманӣ аст.

Ва аммо Наврӯз худ рамзи чирагии комили Ҳурмузд бар Аҳриман ва нишони бартарию пирӯзии некӣ бар бадӣ буд. Дар ин пирӯзӣ инсонҳо,  бо гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек бо Яздон ҳамдастон буданд,  бо ӯ шарикӣ доштанд ва ӯро дар ин раванд ёварӣ менамуданд,

Ҳар кадоме аз ин се ҷашни ориёӣ, ки то кунун ба унвони таҷаллии шукӯҳманди имконоти инсонӣ боқӣ мондаанд, ҳокӣ аз он ҳастанд, ки ниёгони мо дар худ тавони рӯҳии муқовимат алайҳи ҳар гуна падидаи марбут ба зулму ситамро мепарвариданд ва боварҳои динию ҷаҳоншинохтии онҳо на бар пояи бандагӣ, балки дар заминаи озодагию озодманишӣ қарор ёфта буд. Ва метавон гуфт, ки маҳз ҳамин рӯҳи муқовимат  ва озодманишӣ буд, ки бо вуҷуди он ҳама турктозиҳо тоҷикон на танҳо ҳамчун қавм боқӣ монданд, балки дар рушди маънавии ақвоми муҷовир низ саҳми бебаҳое гузоштанд.

Яке аз нишонаҳои боризи таъсири фарҳангию маънавии тоҷикон бар ин ақвом, аз ҷумла ҳамин ҷашни Сада, ҳамчунин Наврӯз аст, ки онро ақвоми гуногун дар густураи азими ҷуғрофиёие аз  Сибир то савоҳили уқёнуси Ҳинд ва аз марзҳои Ҳинду Чин то уқёнуси Атлас (Атлантик) ҳамасола барпо медоранд.

Яъне  метавон мутмаинан таъйид кард, ки ҷашни Сада (ва дигар ҷашнҳои ориёӣ) тимсоли устуворӣ ва боландагии рӯҳи ориёӣ буда, дар таъмини побарҷоии қавми тоҷик нақши муайяне ифо намудаанд. Имрӯз низ баргузории ин гуна ҷашнҳо ва моҳияти онҳо барои таҳким ва рушди худшиносии миллӣ аз аҳамияти махсус бархурдор аст.

Муҳаммадсалом МАХШУЛОВ,
ходими калони илмии бахши
Синошиносии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
А. Баҳоваддинови АИ ҶТ

Январь 27, 2019 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАВОМДИҲАНДАИ НАЗМИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАД». Андешаҳои адибони бузург дар васфи шоир
Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ОН ҚАДАР ДАР ДИЛПИСАНДӢ ДИЛПИСАНД АСТӢ, ВАТАН…». Имрӯз зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода аст
«БЕҲТАРИН ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-2024». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмун гузаронида шуд
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ даври ҷумҳуриявии озмун баргузор мегардад
«БО ҲАМ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони муосири тоҷик оғоз шуд
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд
Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд