Дар Мастчоҳ пас аз ду соли бозистӣ калонтарин коргоҳи ресандагӣ аз нав фаъол гардид
ХУҶАНД, 12.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Баъд аз ду соли бефаъолиятӣ калонтарин коргоҳи ресандагии вилояти Суғд- «Олим — Текстайлз», воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ пас аз навсозиву ивази ному соҳибмулк бо бренди фабрикаи ресандагии ҶДММ «Ангубин» аз нав ба кор андохта шуд.
Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода, 9 феврал раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз коргоҳ ва шиносоӣ бо фаъолияти фабрикаи ресандагӣ бо роҳбарону коргарони он суҳбат намуд. Зикр гардид, ки иқдоми пешгирифта ҷиҳати аз нав ба кор андохтани иқтидори истеҳсолии ин коргоҳи азими ресандагии вилоят шоёни таҳсин аст. Раиси вилоят ҳамзамон доир ба ҳадафи чоруми миллии мамлакат — саноатикунонӣ, сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат оид ба эълони 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ, коркарди ниҳоии пахта дар дохили мамлакат, ташкили шароити мусоиди корӣ ва таъмини коргарон бо маоши мувофиқ сухан гуфт.
Аз ҷумла, вобаста ба захиракунии ашёи хом дар анбори коргоҳ гуфта шуд, ки имсол кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 35 ҳазор тонна тиллои сафед истеҳсол намоянд. Аз ин лиҳоз роҳбарияти коргоҳ вазифадор гардиданд, ки баҳри дар анбор захира намудани миқдори кофии нахи пахта бо хоҷагиву коргоҳҳои пахтақабулкунии ноҳия шартномаҳои саривақтии ҳамкорӣ ба имзо расонанд.
Директори ширкати истеҳсолии ҶДММ «Ноҳид»-и шаҳри Истаравшан, ки асосан ба истеҳсоли маҳсулоти трикотажӣ аз маҳсулоти пахта машғул будаву он пурра маҳсулоти воридотивазкунанда ба ҳисоб меравад, баён дошт, ки коргоҳ азм дорад баҳри пешбурди фаъолияти мусоиди дуҷониба аз маҳсулоти истеҳсолкунандаи ин коргоҳ харидорӣ намояд. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби роҳбарияти коргоҳи «Ангубин» хуб пазируфта шуд.
Тавре зимни суҳбат муовини директори генералии фабрикаи ресандагии ҶДММ «Ангубин»- и ноҳияи Мастчоҳ Шариф Неъматов ба мухбири АМИТ Ховар баён дошт, эҳёи дубораи коргоҳи мазкур дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат рӯи кор омад. Ҳоло коргоҳ дар се баст бо фарогирии 450 нафар ресандагон аз ноҳияи Мастчоҳ ва мутахассисон аз шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз намуда, ҳамаи онҳо бо либоси корӣ, хӯроки гарм ва нақлиёти хизматӣ таъминанд.
Сехҳои коргоҳ бо технологияи замонавии германӣ муҷаҳҳаз буда, ашёи хомро тибқи шартномаи тарафайн аз коргоҳҳои қабули пахтаи ноҳияи Мастчоҳ мехаранд. Дар коргоҳ дар навбати аввал 10 намуд ришта истеҳсол шуда, дар як шабонарӯз 12 тонна ва давоми сол 6000 тонна нахи пахта коркард мешаванд.
Баъди бо низоми пурра ба кор андохтани фабрика имконият фароҳам меояд, ки 500 нафар занони хонанишини деҳот дар 4 баст ба кор фаро гирифта шаванд.








Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифтанд
Кишоварзони вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро пурра иҷро намуданд
Шурои машваратии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид
Ҳаҷми маблағгузории иқлимӣ барои кишварҳои дар ҳоли рушд ҷиҳати татбиқи 22 лоиҳа тасдиқ гардид
Дар Суғд ба 60 нафар занони ҳунарманд гранти Раиси вилоят супорида шуд
Тоҷикистон ва Қатар роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданиро баррасӣ карданд
Дар Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир беш аз чор миллион ҷойи кор таъсис ва барқарор гардидааст
Дар Душанбе Муколамаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «80 миллион нафар, 5 кишвар, 1 овоз» доир гардид
Дар Форуми байналмилалии «Хатлон инвест-2025» байни ширкату корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи умумии солонаи аъзоёни Шабакаи байниидоравии Камден иштирок намуд
БАРНОМАИ КАБУДИРЗОРКУНӢ. Дар доираи ин барнома дар Тоҷикистон ҳудуди ду миллиард дарахт шинонида мешавад
ШАРШАРАҲОИ ЗЕБОИ БАЛҶУВОН. Табиати нотакрори ин минтақаро беш аз 45 ҳазор сайёҳон тамошо карданд






