Дар Суғд ғолибони даври вилоятии Фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ» муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоҳҷоизаи фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ» дар даври вилоятӣ насиби Шукрона Файзуллоева гардид. Даври вилоятии фестивал 23 феврали соли 2019 дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, инчунин аз рӯи баҳогузории ҳайати ҳакамон дар бахши «Ороиши мӯйбофии миллӣ» Шоҳсанам Юлдошева, Азиза Каримова, Дилрабо Ҷӯраева, дар бахши «Ороиши замонавии мӯйи бонувон» Фарзона Иброҳимова, Мунира Баҳромзода, Маҳина Дадобоева, дар бахши «Гесӯи дарозтарин» Масъуда Ҳикматова, Ирода Муродова, Райҳона Юсупова, дар бахши «Ҳусни таваҷҷуҳи тамошобин» Роҳат Ғайбуллоева, дар бахши «Ороиши мӯйи кӯдакона» Шаҳноза Қурбонзода, дар бахши «Беҳтарин рассом» Абдуқаюм Хокироев ва дар бахши «Ороиши бадеии мӯй» Фирӯза Иномҷонова ғолиб дониста шуданд.
Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ғолибони фестивалро табрик намуда, ба онҳо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро тақдим кард.
Мавриди зикр аст, ки Фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ» бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик, бахусус намоишу парвариши мӯй, ороишу пардози рӯй, ҳаракати мавзун, тарбияи муоширати духтарон, тарғибу ташвиқ ва эҳёи анъанаву маросимҳои миллӣ, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, зулфандозӣ ва ҷамолакбандию кокулбофӣ гузаронида мешавад.








Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд






