Дар Тоҷикистон Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ роҳандозӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 23.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди иқтисодиёти рақамӣ қадамҳои муассир мегузорад. Дар ин росто, 21 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини Гурӯҳҳои кории идоракунанда ва техникӣ бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои марбута баргузор гардид.
Ҷаласаи мазкур бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 янвраи соли 2019 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019» вобаста ба вусъати корҳо барои татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва дар заминаи он ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиёти ҷумҳурӣ доир гардид.
Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматулозода доир ба иқтисодиёти рақамӣ ва афзалиятҳои ҷорӣ намудани он дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва таҳияи лоиҳаи Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд.
Дар ҷаласа лоиҳаи Консепсияи мазкур муаррифӣ гардид.








Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд






