Нуъмон Абдуғаффорзода, Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ: «Ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаи сайёҳӣ дар минтақа аввалин ва камназиранд»

Февраль 15, 2019 16:09

ДУШАНБЕ, 15.02.2019./АМИТ «Ховар»/. Моҳи июни соли 2019 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи 26-уми Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Шӯрои иттилоотии ИДМ) баргузор мегардад.

Ҷаласаи 25-уми ин Шӯро 6 сентябри соли 2018 дар шаҳри Чолпон-Отаи Қиғизистон доир шуда буд, ки дар он роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ изҳори омодагӣ намуданд ҷиҳати инъикоси бештари рӯйдодҳо дар соҳаи туризми кишварҳояшон ҳамкориро тавсеа бидиҳанд.

Оё дар ин миён дар Тоҷикистон дастгирии иттилоотӣ ҷиҳати мауаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва рушди ин соҳа беҳтар гардид? Умуман Тоҷикистон дар роҳи густариши соҳаи сайёҳӣ ба кадом дастовардҳо ноил шуд?

АМИТ «Ховар», ки узви Шӯрои иттилоотии ИДМ мебошад, бо ин суолҳо ба раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон АБДУҒАФФОРЗОДА муроҷиат намуд.

Н. АДБУҒАФФОРЗОДА: Бале, дастгирии иттилоотӣ ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ бо мақсади  ҷалби бештари сайёҳон ва рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон  тайи соли гузашта беҳтар гардид. Албатта, ба ин шартномаи ҳамкорӣ байни Кумита ва АМИТ «Ховар», ки дар оғози корамон ба имзо расид, мусоидат намуд.

Танҳо дар самти инъикоси захираҳои сайёҳии Ватанамон дар хориҷи кишвар, як қатор пресс-турҳо барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои хориҷӣ баргузор карда шуданд. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо АМИТ «Ховар» барои роҳбарон ва намояндагони агентиҳои иттилотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чунин пресс-тур (саёҳати матбуотӣ) ташкил намудем. Чунин пресс-турҳо барои ВАО аз 11 кишвари Аврупою Осиё, лоиҳаи пресс-тури «Digital Silk Road» барои намояндагони ВАО-и Тоҷикистон, Узбекистон ва Федератсияи Россия, боздид ва таҳияи барномаи сайёҳӣ аз ҷониби Шабакаи телевизионии KBS — Кореяи ҷанубӣ, боздид ва таҳияи барномаи сайёҳии «Поедем, Поедим» аз ҷониби Шабакаи телевизионии «НТВ»-и Россия роҳандозӣ гариданд. Дар сомонаҳои интернетии агентиҳои иттилоотии кишварҳои ИДМ, аз ҷумла ТАСС, УзА, «Кабар» ва дигар  кишварҳои ИДМ матлабҳои ҷолиб оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба нашр расиданд.

Сомонаи (портали) миллии сайёҳӣ бо 7 забон, аз ҷумла забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, испанӣ, японӣ ва фаронсавӣ омода ва дар шабакаи интернет фаъол гардонида шуд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Ютуб, Фейсбук, Инстаграм ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи Кумита фаъол аст.

Дар натиҷа имрӯз ба рушди соҳа такон бахшида шуд. Дар иртибот ба ин Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор намуданд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ ва истифодаи нерӯи сайёҳии кишвар қадамҳои устувор гузошта истодааст ва соҳаи мазкур солҳои наздиктарин ба яке аз самтҳои муҳими иқтисоди миллӣ ва омили баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум табдил хоҳад ёфт».

Бояд гуфт, ки ҳамаи ин пеш аз ҳама натиҷаи талошҳо ва кӯмаку дастгирии пайваста ва бевоситаи худи Сарвари давлат нисбат ба ин соҳа аст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Пешвои миллат дар қатори соҳаҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ ислоҳоти муҳим амалӣ карда шуданд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин ва камназиранд.

Дар ин робита, пеш аз ҳама ҷорӣ гардидани низоми раводиди электронӣ ва низоми соддакардашудаи дастрас намудани раводид, инчунин аз байн бурдани бақайдгирии дохилии сайёҳонро метавон ном бурд. Механизми дастрас намудани раводиди электронӣ имконият медиҳад, ки сайёҳон ва шаҳрвандони дигари хориҷӣ бе муроҷиат ба ниҳодҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, тариқи онлайн (www.evisa.tj) раводиди электрониро дастрас намуда, ба ҷумҳурии мо сафар намоянд.

Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ соли 2018 низоми раводиди электронии Тоҷикистон ба панҷгонаи низомҳои беҳтарини пешниҳоди раводид ворид гардида, зинаи чорумро сазовор гашт.

Пешвои муаззами миллат бо таҷрибаи бузурги худ барои ҷалби сармоя ба соҳаи сайёҳӣ аввалан самтҳои афзалиятноки онро муайян карда, ба он имтиёзҳо ҷудо намуданд. Дар марҳилаи аввали рушди соҳа бахши хусусиро барои сармоягузорӣ ҳавасманд гардонида, барои обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ заминаҳои зарурии иқтисодӣ ва ҳуқуқиро фароҳам оварданд. Пас аз гузаштани фосилаи муайяни вақт (аз 2 то 4 сол) онҳо ба манбаи муҳими воридоти асъори хориҷӣ табдил хоҳанд ёфт.

Дар ин радиф, бо ташаббуси Пешвои миллат ширкатҳои сайёҳӣ дар тўли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод карда шуданд. Имтиёзҳои мазкур натиҷаҳои самарбахш ба бор оварда, дар соли 2018, 75 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ёфтанд ва ба бозори сайёҳии мамлакат ворид гардиданд. Дар маҷмуъ, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба 145 адад расонида шуда, ҳавасмандии аҳолии фаъоли иқтисодии мамлакат барои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ тадриҷан меафзояд.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав бо мақсади сайёҳӣ 50 фоиз коҳиш дода шуд.

Бо мақсади татбиқи пурра ва самараноки имтиёзи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон руйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ гардид. Ба руйхати иншооти мазкур, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, меҳмонхонаҳои махсус (хурд, гестҳаус, ҳостел), осоишгоҳҳои табобатӣ, истироҳатгоҳҳо, фароғатгоҳҳо, марказҳои хизматрасонии маҷмуии сайёҳӣ (маҷмааи сайёҳӣ), нуқтаҳои хизматрасонии маҷмуии сарироҳӣ (мотел), боғҳои фарҳангию фароғатӣ, мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ва динӣ (осорхонаҳо, зиёратгоҳҳо, иншооти таърихӣ), инфрасохтори моҳигирӣ ва шикор бо мақсади сайёҳӣ, тарабхонаҳои дорои бренди байналмилалӣ, марказҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ, пойгоҳҳои махсуси мутобиқгардонии минтақаҳои баландкуҳ барои сайёҳон, маҷмааи сайёҳию лижаронӣ, марказҳои омӯзишӣ барои куҳнавардӣ, лижаронӣ, роҳбаладӣ ворид карда шуданд.

Фароҳам овардани имтиёзи андозию гумрукӣ ҳавасмандии соҳибкоронро боз ҳам зиёд намуда, танҳо дар заминаи ин имтиёзҳо имрӯзҳо 10 лоиҳаи инфрасохтории сайёҳӣ дар самтҳои бунёди маҷмааҳои сайёҳӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, роҳи танобӣ, меҳмонхонаву осоишгоҳ ва дигар иншооти сайёҳӣ бомаром идома доранд.

Ду сол муқаддам  Пешвои миллат  дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори соҳа, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум соли 2018-ро  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон  намуданд.

Воқеан ҳам аз ҷониби  Сарвари давлат  эълон гардидани соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ заминаи воқеӣ гузошт.

Муншии умумии  Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили дар робита ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 чунин изҳор намуд: «Ман аз Ҳукумати Тоҷикистон барои ин ташаббуси ниҳоят муҳим барои тамоми ҷаҳон, ки ба мероси фарогири фарҳангии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба рушди бахши сайёҳӣ, махсусан соҳаи ҳунармандии Тоҷикистон боис мегардад, миннатдорам.

Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро тавассути шабакаҳои иҷтимоии худ дар «Facebook», «Twitter», «Instagramm», «lincdin» ва дар веб-саҳифаи СУС дар Аврупо паҳн намуд. Мутмаинам, ки соли 2018 қобилиятҳои ҳунармандони Тоҷикистонро тақвият хоҳад дод ва дар маҷмӯъ, дар бахши сайёҳӣ натиҷаҳои бузург ба бор хоҳад овард».

Дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа мустаҳкам гардида, бо дастури Сарвари давлат Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул карда шуд. Дар асоси Стратегия бори нахуст нишондиҳандаҳо ё индикаторҳои рушди соҳа, аз ҷумла шумораи сайёҳони ба ҷумҳурӣ ташрифоварда, саҳми сайёҳӣ дар ММД, саҳми сайёҳӣ дар содирот, саҳми сармоя ба соҳаи сайёҳӣ дар маҷмуи сармоягузориҳо, саҳми сайёҳӣ дар қисми даромади буҷети давлатӣ, миқёси хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ, шуғли аҳолӣ дар соҳаи сайёҳӣ, шумораи субъектҳои бақайдгирифташудае, ки дар соҳаи истироҳат ва табобат хизматрасонӣ мекунанд ва мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои меҳмоннавоз муқаррар карда шуданд.

Дар натиҷаи дастгирии пайвастаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 нишондиҳандаҳои мазкур то ҳадди имкон натиҷагирӣ карда шуда, аз ҷумла шумораи сайёҳони хориҷӣ ба як миллиону 155 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба  як соли пеш  2,6 маротиба зиёд аст. Шумораи сайёҳони дохилӣ бори аввал 751 000 нафарро ташкил  дод.

Саҳми соҳа дар ММД ба 2,1 фоиз ва шумораи субъектҳои сайёҳӣ ба 255 адад расонида шуд. Шумораи ҳуҷраҳо дар субъектҳои хизматрасонӣ (меҳмонхонаву осоишгоҳҳо)  соли сипаришуда  7032 ададро ташкил дод, ки ин нисбат ба  як соли пеш 3036 адад зиёд аст. Шумораи катҳо ба 15428 адад расида, нисбат ба соли 2017 ба миқдори  7200 адад зиёд шуд.

Дар соли 2018 шумораи миёнаи кормандони субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ 4378 нафарро ташкил намуд, ки назар ба соли 2017 ба миқдори  1679 нафар афзоиш ёфтааст.

Даромад аз хизматрасониҳои сайёҳӣ  соли гузашта  214 миллиону 36 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017 ба андозаи  65,2 милллион сомонӣ зиёд аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррифии таъриху фарҳанг, табиат, анъанаҳои миллӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.

Дастовардҳои Тоҷикистон  дар самти сайёҳӣ идомаи натиҷаҳои сиёсати  оқилонаи  Сарвари давлат дар муаррифии мардум ва сарзамини тоҷикон дар арсаи ҷаҳонист. Дар ин талошҳои хастанопазири Пешвои миллат ду ҷанбаи бисёр муҳим амалӣ мешаванд, ки таваҷҷуҳ ба онҳо моҳияти асосии ин сиёсатро нишон медиҳад:

Якум, муҳаббати беандоза ба сарзамин ва мардуми Тоҷикистон. Зеро Пешвои миллат, пеш аз ҳама худашон ин сарзамини биҳиштосоро дўст дошта, худашон мафтуни ҳар гўшаи нотакрори ин диёр ҳастанд ва  мехоҳанд онро бо камоли ифтихор ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Ба ибораи дигар, ҳамчун ватандори асил ва ҳамчун соҳибхонаи боҳиммат мехоҳанд тамоми оламиёнро ба ин кошонаи нотакрору пурифтихори аҷдодии худ даъват намоянд ва  сарбаландона меҳмон кунанд. То ҷаҳониён бо сарзамини зебои тоҷикон, мардуми меҳмоннавози тоҷик ва фарҳангу ҳунари волои миллат ошно гарданд. Бешубҳа, ин муҳаббати бепоёну ин ифтихори баланди Пешвои миллат нисбат ба Ватани азиз ва мардуми шарифи мо бояд барои ҳар яки мо намунаи ибрат ва сабақи бузурги ватандорӣ бошад.

Дуюм, дар ин талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ҳисси бузурги ғамхорӣ нисбат ба рўзгори мардуми кишвар ифода меёбад. Зеро рушди сайёҳӣ, пеш аз ҳама беҳбуди вазъи зиндагии мардум, афзоиши даромади аҳолӣ, ободии шаҳру деҳоти кишварро дар пай дорад. Дар рушди ин соҳа манфиати ҳар як сокини кишвар, ҳатто сокинони минтақаҳои дурдасти мо нуҳуфтааст. Сайёҳӣ на танҳо барои  кишвар шуҳрат  меафзояд, балки ба ҳар гўшаи он сармоя  ворид месозад,  ба ҳар деҳа ободӣ меорад, ба ҳар ҳунарманд бозору даромад фароҳам мекунад. Ин аст, ки рушди сайёҳӣ на танҳо як масъалаи фарҳангӣ ва миллӣ, балки он ҳамзамон як барномаи бузурги иҷтимоӣ ва иқтисодист.

Бо назардошти ин,   кормандони соҳаи сайёҳии мамлакат дар ҷавоб ба ғамхориҳои Сарвари  давлат тамоми нерў ва захираву имкониятҳои худро баҳри татбиқи ҳадафҳои гузоштаи Пешвои миллат дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ равона хоҳанд намуд.

Февраль 15, 2019 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии технологии Беларус ҳамкориро густариш медиҳанд
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ: «Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат дар зинаи сеюм қарор гирифт»
Аз шаҳри Душанбе ба самти Давҳа парвозҳо оғоз гардиданд
Дар Душанбе нишасти нуздаҳуми Шурои роҳбарикунандаи СПЕКА баргузор гардид
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ оид ба рушди содироти ғайринафтӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба ташкили бозори минтақавии неруи барқи мамлакатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Сулаймон Султонзода дар Нишасти дуюми вазирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Имсол аз Тоҷикистон беш аз ҳазор тонна хуч ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст
Дар Риёз ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ доир гардид
Дар шаҳри Кӯлоб филиали «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид
Таҷрибаи Ҷумҳурии Корея оид ба истифодаи технологияҳои ҳушманд дар соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид
Вазири энергетикаи Тоҷикистон дар Риёз дар чорабинии канорӣ оид ба диверсификатсияи манбаъҳои энергия иштирок намуд