Ҳунармандони сирки кишварҳои ИДМ бо сафари ҳунарӣ ба Душанбе меоянд
ДУШАНБЕ, 25.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандони сирк аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари ҳунарӣ ба шаҳри Душанбе меоянд.
Нахустин бор дар Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи рангини ҳунармандони барҷастаи чашмбандӣ ва ромкунандагони ҳайвоноти дарранда аз Россия ва кишварҳои ИДМ таҳти унвони «Барномаи калон» баргузор мегардад.
Тавре аз маъмурияти Сирк ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин як силсилабарномаи муштаракест, ки дар он устодони барҷаста оид ба чашмбандӣ ва акробатика аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Россия иштирок хоҳанд кард. Россияро ҳунармандони Москва ва Санкт-Петербург муаррифӣ мекунанд.
Ба барномаи рангину ҳайратангез беҳтарин баромадҳо бо иштироки гимнастҳои ҳавоӣ, акробатҳо, чашмбандон ва масхарабозон ворид мешаванд. Инчунин дили тамошобинони тоҷикро сагчаҳо, аспҳо, хирсҳо ва тӯтиҳои нағмагар шод хоҳанд намуд.
«Ҷавҳари ассосии барнома ин шерони африқоӣ ва чашмбандиҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд, ки ҳам ба хурдсолон ва ҳам ба калонсолон писанд меоянд», — зикр намуд маъмури барнома.
Ҳунармандони Сирк аллакай аз 10 март ба омадан шурӯъ намуда, намоиши аввалин 15 март дар Сирки давлатии Душанбе оғоз мегардад.
Сафари ҳунарӣ то 7 апрел давом мекунад. Намоишҳои нахустин 15 март соати 12.00 ва 16.00 ба вақти маҳаллӣ баргузор мегарданд.








Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд






