Ҷамшед Шоимзода: «Истиқлолияти энергетикӣ ба масъалаи сарфаҷӯии неруи барқ алоқамандӣ дорад»

Март 6, 2019 16:15

ДУШАНБЕ, 06.03.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Душанбе нишасти зергурӯҳи корӣ вобаста ба иттилоотонии ҷомеа дар доираи гурӯҳи кории назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ оид ба манбаҳои энергияи барқароршаванда, сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия доир гардид.

Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ин нишаст хабар медиҳад.

Ҳамоиш аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2014 оид ба таъсис додани Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи устувори ташаббусҳо вобаста ба манбаҳои энергияи барқароршаванда, сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, таҳияи санадҳои зерқонунӣ ва барномаҳои соҳавӣ дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд гузаронида шуд.

Дар он муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода, коршиноси байналхалқӣ Руслан Тормосов, коршиноси украинӣ оид ба кор бо ҷомеа Кадрия Сафиулина, роҳбари лоиҳаи USAID Energy Links Андрей Митскан  иштирок доштанд.

Ҷамшед Шоимзода зикр намуд, ки барои амалисозии ин ташаббусҳо сараввал ҷомеа бояд бо маълумоти ин соҳа таъмин карда шавад, ки ин барои идомаи кор нақши аввалиндараҷа мебозад. Зеро бе кумаку ҳамраъйии омма наметавонад оғози ҳама гуна ташаббус муваффақиятомез бошад. Ба гуфтаи ӯ, «мо мехоҳем раванди устувореро оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ташкил диҳем, ки дар он нақши омма ва табодули ахбор нақши ҳалкунанда дошта бошад. Оғози ҳама гуна кор бояд аз ҷониби мардум дастгирӣ ёбад. Вақте мардуми кишвар аз роҳҳои самаранок ва сарфаҷӯёна муносибат кардан бо энергия бохабар бошанд, албатта, ки ин ба фоидаи ду ҷониб мебошад».

Ҷамшед Шоимзода зикр намуд, ки дар зимистони имсол эҳтиёҷоти мардум ба энергияи барқ 12% афзоиш ёфт. Ин маънои онро дорад, ки аҳолӣ расид барои пардохтро 12 фоиз зиёд қабул мекунад. Дар ин ҳолат норозигӣ ба миён меояд. Ба ин хотир, Вазорат дар якҷоягӣ бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ дар ин самт кор бурда истодааст. «Мо талаботи наверо таҳия намуда истодаем, ки биноҳои нави истиқоматӣ бояд дар мадди аввал ҷавобгӯи меъёрҳои  самаранокии энергия бошанд».

Ӯ зикр намуд, ки мақсади асосии мо татбиқи қонунҳои соҳавӣ буда, тибқи муқаррароти онҳо, вобаста ба сарфаҷӯии неруи барқ ба аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд ба роҳ монда шаванд. «Мо чунин  мешуморем, ки истиқлолияти энергетикӣ на танҳо бо ҷорӣ намудани иқтидори нави энергетикӣ ба даст оварда мешавад, он аз ҷумла, яке аз масоили асосии сарфаҷӯии неруи барқ мебошад»,-зикр намуд ӯ.

Дар ҷараёни ҳамоиш муаррифии барномаҳои коммуникатсионӣ-иттилоотӣ оид ба пешбурди самаранокии энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Март 6, 2019 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид