ДАРАХТ БИНШОН! «Бояд бунёди боғҳои интенсивиро вусъат бахшем», — гуфт ба АМИТ «Ховар» раиси хоҷагии деҳқонии «Ватан» -и шаҳри Турсунзода Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов

Март 1, 2019 11:27

ДУШАНБЕ, 01.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз рӯзи аввали фасли баҳор аст. Баробари омадани фасли баҳор табиат зинда шуда, айёми гармӣ фаро мерасад. Дар ин айём деҳқонон ва кишоварзон ба кишту кор машғул шуда, ба замин донаи умед мекоранд. Боғпарварон  ба бунёд ва барқарорсозии боғҳои худ машғул мешаванд.  Фасли баҳор барои шинонидани ниҳол ва бунёди боғ  мусоид  ва  иқлими Тоҷикистон низ барои боғпарварӣ хеле мувофиқ мебошад. Бояд гуфт, ки шинонидани ниҳол ва нигоҳубину сабзонидани боғ дар баробари тарбияи фарзанди солеҳ ва бунёди иморат яке аз суннатҳои писандидаи фарҳанги мардуми ориёӣ ба ҳисоб меравад.

Имсол маъракаи ниҳолшинонӣ ва оғози корҳои мавсими баҳорӣ 24 феврали соли равон  бо иштироки  Пешвои миллат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон  оғоз гардид. Дар ин ҷо дар майдони 100 гектар бо шинонидани 4 навъи себ боғи нави интенсивӣ бунёд карда шуд.

Ҳоло аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба бунёди боғҳои интенсивӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Зеро ҳосилнокии боғҳои интенсивӣ зиёд буда, аз  як гектар замин  то 50- 60 тонна ҳосил рӯёнидан мумкин аст.

Тавре раиси хоҷагии деҳқонии «Ватан» -и шаҳри Турсунзода Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, имрӯз вақти он расидааст, ки барои гирифтани ҳосили фаровон   бунёди боғҳои интенсивиро бояд вусъат бахшем. Ҳоло дар ҷумҳурӣ бунёди боғҳои зиёд ба чашм мерасад, вале барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ  моро зарур аст, ки бештар бунёди боғҳои интенсивиро ба роҳ монем. Боғи  интенсивӣ дорои афзалияти зиёд буда, онро  бо усули қатрагӣ низ об додан мумкин аст.

«Моро лозим аст, ки дар кишвар хоҷагиҳои замонавӣ ташкил намуда, парвариши ниҳолҳои ба талаботи рӯз мувофиқро ба роҳ монем. Имрӯз барои ниҳолҳое, ки аз хориҷ  ба Тоҷикистон оварда мешаванд, ҳазорҳо сомонӣ маблағ сарф  карда мешвад. Ҳол он ки  баъзеи ин ниҳолҳо  ба шароит ва иқлими   Тоҷикистон  мутобиқ нестанд.  То  мутобиқ шудани он ба иқлими мо муддати зиёде мегузарад, ки ин метавонад ба пешрафти мамлакат зарари манфӣ расонад. Ҳарчанд ки ман ангурпарвар ҳастам, вале дар хоҷагии  худ парвариши ниҳолҳоро низ роҳандозӣ кардаам. Айни замон ман болои себи интенсивии қадпасти М9 кор карда, 5-6 ҳазор ниҳол омода кардаам»,- гуфт Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов.

Мавриди зикр аст, ки раиси Хоҷагии деҳқонии «Ватан-2008» Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» аз солҳои аввали ба ин кори пуршараф ва заҳматталаб – токпарварӣ оғоз намуданаш ёдовар шуда, зикр намуд, ки то замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба мардум замин дода намешуд.

«Солҳои 60 – 70 — ум мо дар замини наздиҳавлигии худ токпарварӣ мекардем. Ин кор ба мо аз бобоямон  мерос мондааст, ки он кас соли 1930 ба он машғул буданд»,-илова намуд ҳамсуҳбати мо.

Ҳоҷӣ Неъмат деҳқони асиле мебошад, ки ба ғайр аз ангурпарварӣ боз ба сабзонидани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ низ машғул аст. Тавре худи ӯ мегӯяд: «Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат бисёр хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ корро бас карданд. Ман ҳамон вақт дар хоҷагии худ ниҳолпарвариро ба роҳ мондам. Овозаи ин кори ман то ба Сарвари давлат расид».

Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри иҷрои  «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» бунёди боғу токзори нав дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ муташаккилона идома дорад. Тибқи дурнамо, имсол дар ҷумҳурӣ дар 3 ҳазору 188 гектар бунёди боғу токзори нав ба нақша гирифта шуда, то 22 феврали соли равон  дар майдони 649 гектар  боғу токзор бунёд карда шудааст.

Ҳоло кишоварзони мамлакат аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда, бунёди боғу токзорро дар заминҳои талу теппаҳои таъмин бо намӣ идома дода истодаанд.

Тибқи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»  бояд дар ҷумҳурӣ дар майдони   20 ҳазору 153 гектар боғ бунёд карда шавад.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Март 1, 2019 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаҷми маблағгузории иқлимӣ барои кишварҳои дар ҳоли рушд ҷиҳати татбиқи 22 лоиҳа тасдиқ гардид
Дар Суғд ба 60 нафар занони ҳунарманд гранти Раиси вилоят супорида шуд
Тоҷикистон ва Қатар роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданиро баррасӣ карданд
Дар Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир беш аз чор миллион ҷойи кор таъсис ва барқарор гардидааст
Дар Душанбе Муколамаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «80 миллион нафар, 5 кишвар, 1 овоз» доир гардид
Дар Форуми байналмилалии «Хатлон инвест-2025» байни ширкату корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи умумии солонаи аъзоёни Шабакаи байниидоравии Камден иштирок намуд
БАРНОМАИ КАБУДИРЗОРКУНӢ. Дар доираи ин барнома дар Тоҷикистон ҳудуди ду миллиард дарахт шинонида мешавад
ШАРШАРАҲОИ ЗЕБОИ БАЛҶУВОН. Табиати нотакрори ин минтақаро беш аз 45 ҳазор сайёҳон тамошо карданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ вазъи соҳаи роҳу нақлиёт ва таҳлили сатҳи рақамикунонии соҳа баррасӣ гардид
Пулҳои коғазии ҷашнӣ бо арзиши номиналии 100 сомонӣ ба муомилот бароварда шуд
Даромади буҷети давлатӣ барои соли 2026 дар ҳаҷми 65 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст