ОБ – ОМИЛИ РУШД. 14 март Рӯзи байналмилалии дарёҳо таҷлил мегардад

Март 14, 2019 09:46

ДУШАНБЕ, 14.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 март дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии дарёҳо ҷашн гирифта мешавад.  

Яке аз мақсадҳои таҷлили Рӯзи байналмилалии дарё- ин ташкили ҳамоиш ва ҳашарҳо оид ба тозакунии соҳилҳо ва дарёҳо буда, он ба таври густурда дар Германия, Испания, Норвегия, Федератсияи Россия, Франсия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Бразилия, Мексика, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Тайланд ва дигар кишварҳо таҷлил мегардад.

Бояд гуфт, ки дарёҳо дар рӯи замин сарчашмаи асосии ташаккули ҳаёти инсоният буда, барои сабзиши табиат ва инкишофи гуногунии биологӣ нақши муҳим ва ҳалкунанда доранд. Аз рӯи сарчашмаи пайдоиш ва ё ғизогирӣ онҳо ба дарёҳои аз ҳисоби боришоти атмосферӣ ғизогиранда, аз ҳисоби барфу захираҳои барфӣ ғизогиранда, аз ҳисоби пиряхҳо ғизогиранда, аз ҳисоби обҳои зеризаминӣ ғизогиранда ва аз ҳисоби барфу пирях ғизогиранда ҷудо мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббускори фаъол оид ба сиёсати рушди устувор дар самти ҳифзи обу дарёҳо ба шумор меравад. Ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи мушкилоту норасоии об дар сатҳи ҷаҳониро ба назар гирифта, дар ин самт ҳамвора тадбирҳои ҳалкунанда меандешад.  Ин аст, ки 21 декабри соли 2016 Ассамблеяи Генералии  Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи қабули Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028-ро қабул намуд, ки он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид. Ва эълон  гардидани Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти унвони «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об мебошад, собит намуд, ки  Тоҷикистон ҳамчун  кишвари соҳибистиқлол  ва ҷонибдори сиёсати «дарҳои боз» ҳамеша  ба ҳалли мушкилоти  глобалӣ, хусусан таъмини сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳамкорӣ дар ин самт даъват менамояд.

Ба иттилои сардори Раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағоймурод  Ғафурзода, тавассути қаламрави кишвар 947 дарё ҷорӣ мешаванд, ки дарозии умумии онҳо беш аз 28 ҳазору 500 км аст. Ва дар Тоҷикистон зиёда аз 80 фоизи маҷрои Амударё ва 1% маҷрои Сирдарё ташаккул меёбанд, ки дар маҷмӯъ ин 64 км3 дар як солро ташкил дода, ба 55,4% аз маҷрои умумии дарёҳои ҳафзаи баҳри Арал баробар аст.

«Ба дарёҳо аз рӯи масоҳат баҳо медиҳанд. Дарёе, ки аз 10 км зиёд дарозӣ дорад, дарёи калон ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз рӯи маълумот 25 ҳазору 200 дарё ба ҳисоб гирифта шудаанд ва аз ин шумора дарёҳое, ки зиёда аз 10 км дарозӣ доранд,  947 адад мебошанд. Вобаста ба он, ки баъзе сойҳои аз ҳисоби чашмаҳо ғизогиранда ва мавсимиро, ки маҷрои доимӣ надоранд, ҳисоб намекунанд, ба шумораи умумии дарёҳо аз 25 ҳазору 200 то 28 ҳазору 500 тағйирот ворид шудааст»,-зикр намуд Т.Ғафурзода.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, яке аз хусусиятҳои хоси дарёҳои Тоҷикистон ин аст, ки оби ҳамаи онҳо аз рӯи тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ ҳамчун оби ошомиданӣ эътироф гардидааст. Вобаста ба ин, вақте ки иқдоми нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълони «Соли 2003-соли оби тоза» ба ҷаҳониён пешниҳод гардид, он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хубӣ пазируфта шуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар симои Пешвои миллати тоҷик роҳбари ҳалкунандаи мушкилоти байналхалқӣ дар соҳаи обро дид. Пас аз ин Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид роҷеъ ба масъалаҳои об дар солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи байналмилалии об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об»-ро ба ҷаҳониён пешниҳод намуд, ки онҳо низ қабул гардиданд.

Бояд гуфт, ки асоси захираҳои оби Тоҷикистонро пиряхҳо ташкил медиҳанд ва ҳаҷми умумии онҳо 845 км3 арзёбӣ гардида, теъдоди пиряхҳо дар кишвар зиёда аз 13 ҳазор адад ва масоҳати умумии яхбандии онҳо 11 ҳазору 146 км2-ро дар бар мегирад.

Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқтидори захираҳои умумии гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 млрд.кВт-соат дар як сол арзёбӣ мегардад, ки се маротиба аз истеъмоли ҷории қувваи барқ аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд аст. Аз рӯи захираҳои эҳтимолии умумии гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон пас аз Чин, Россия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада ҷойи ҳаштумро ишғол менамояд.

Яке аз проблемаҳои  глобалии экологие, ки имрӯз муносибати байни кишварҳоро муайян мекунад, ин таъмини сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ мебошад. Ҳанӯз зимни суханронии худ дар Форуми  байналмилалии Душанбе оид ба оби тоза, ки 29 август ва 1 сентябри соли 2003 баргузор гардида буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи обро яке аз проблемаҳои асосии сайёра номида, таъкид намуда буданд, ки «масъалаҳое, ки асоси рушди устуворро ташкил медиҳанд, маҳз ба ҳамин  захираи стратегӣ, ки манбаи ҳаёт дар рўи замин аст, иртибот доранд». Дар ҳамин робита бояд зикр кард, ки об ҳамчун унсури муҳими табиат дар ҳама давру замон дар ҳаёти инсоният нақши ҳалкунанда дошт ва дорад.

Дар дунё касе инкор карда наметавонад, ки об дар ҳастии инсоният дурри гаронбаҳост. Зеро об худи ҳаёт аст, об – ин рушд, тараққиёт, пешрафт ва ояндаи ободу осудаи наслҳои нав мебошад. Мову шумо вазифадорем, ки ба хотири амалӣ гаштани ҳамаи ин шиорҳо ҷидду ҷаҳди хешро дареғ надорем.

 

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Март 14, 2019 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд
Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд
Дар Тоҷикистон Барномаи «Маблағгузории занҷираи арзиши агросектор» ҷамъбаст гардид
Ҷалби сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Сингапур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Дар «Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» дастовардҳои соҳаи чорводорӣ муаррифӣ гардиданд