«ПАДРУД ФАСЛИ БАРФ, КИ НАВРӮЗ МЕРАСАД…». Айёми зиндашавии табиат, мавсими гармӣ, рӯиши сабзаву гулҳо, оғози корҳои кишоварзӣ – баҳор фаро расид!

Март 1, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 01.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Фасли дай ба фарҷом расида, ҳама хунукию сардиҳоро бо худ бурд. Зимистон фасле мебошад, ки дар ин мавсим ҳама мавҷудоти рӯи замин ба хоби ноз мераванд. Бо рафтани он ҷонварону паррандагоне, ки ба хоби ноз рафта, ё ба ҷойҳои дур сафар намуда буданд, аз хоби гарон бархезанду ба макони гарм  меоянд ва баҳори хуҷастапайро истиқбол менамоянд.

20 феврал дар фазои абрноки Душанбешаҳр қатори турнаҳо, ки аз ғарби кишвар ба самти шарқ паст парвоз мекарданд, ба мушоҳида гирифта шуд. Тибқи ривоятҳои мардумӣ, агар қатори турнаҳо дар фасли баҳор паст парвоз намояд, ин нишона аз сериву пурӣ ва гарм омадани сол аст.

Инак тибқи қонунияти умумии табиат, имрӯз, 1 март ба Тоҷикистони зебои мо фасли баҳори нозанин қадам гузошт. Чӣ хуш фасли зебою гуворост баҳор, арӯси солаш ном мебаранд ва ин бесабаб нест. Зеро вақте ки ин фасл медарояд, замин ҷомаи сабз мепӯшад. Талу теппаҳо аз гулу себаргаҳо пур гардида, ҳавои хушу муаттаре ба машоми кас мерасад.  Аҷаб фасли зебою дилрабост баҳори нозанин!

Баҳорро фасли зиндашавии табиат, фарорасии айёми гармӣ, рӯиши сабзаву гулҳо, оғози корҳои кишоварзӣ меноманд. Гулҳо чун паррандаҳо қосидони баҳоранд. Шукуфтани гулҳо ва хониши мурғакон нишон медиҳад, ки баҳор фаро мерасад ва ин фасли сабзи сол бо ҳамин гулу сабзааш зебост. Деҳқонон бо истифода аз ҳавои мусоид ба кишти зироат оғоз кардаанд, маъракаи ниҳолшинонӣ, ки ҳанӯз аз зимистон оғоз шуда буд, ҳамоно идома дорад.

Баҳор аз фаслҳои зебои сол аст. Яке аз идҳои анъанавии миллии халқҳои ориётабор, ки бо фарорасии баҳор ҷашн гирифта мешавад, иди байналмилалии Наврӯз аст.  Дар ин фасл дар мамлакати мо  якчанд идҳо, аз ҷумла 8 март — Рӯзи Модар, 21 — 24 март —ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, 23 май -Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҳамчунин озмуни «Сайри гули лола» ва Фестивали  фарҳангӣ — фароғатии «Чакомаи гесӯ»-ро ҷашн мегиранд.

Шоирони маъруфи муосиру классики тоҷик шеърҳои зиёдашонро ба баҳору зебоӣ бахшида, онро гармии ҷону роҳате аз ҳама валвалаю ҳамҳамаҳои замон мехонанд. Онҳо дар шеърҳояшон гулҳои қатору савту навои булбул аз шохсорро аҷаб зебо тасвир карда, баҳорро фасли гулу ошиқӣ, ҷойи нозу итоб, фасли хуши шубоб номидаанд:

Падруд, фасли барф, ки Наврӯз мерасад,

Фархунда бод ҳар қадамаш бар диёри ман.

Эй духти нуқрапӯши табиат, бирав ту шод,

То ғарқи лолазор шавад кӯҳсори ман.

***

Бар диёрам ин замон, фасли баҳор ояд ҳаме,

Ҳам ғазал, шеъру тарона, сад ҳазор ояд ҳаме.

Нағмаи кабки дарӣ, ҳам булбулони хушсадо,

Бо навои дилнавози чангу тор ояд ҳаме.

***

Эй баҳори қадами тоза, биё,

Пур кун аз файзи худат хонаи мо.

Кишварамро ту бубахш осоиш,

Нахли сарсабз шавад донаи мо.

***

Даҳони лола во гашту садо омад – Баҳорам ман!

Зи ҳар гӯша ба гӯш омад – Ба роҳат интизорам ман!

Шунав овози розолуди абри моҳи фарвардин,

Агар Наврӯз меояд, зи шодӣ ашк борам ман!

Дар рӯзҳои пур аз фараҳу шодии баҳори нозанин гулдухтарони тоҷик бори дигар собит месозанд, ки эшон нигаҳдорандаи шӯълаи хонадону посдори анъанаю урфу одати наҷиби миллии хешанд. Табиист, ки дар фасли баҳор ҳама гулдухтарону бонувони зебои тоҷик пираҳани миллӣ ба бар мекунанд. Бесабаб нест, ки зан ва баҳорро ба ҳам тавъаму ҳардуро офарандаи зебоӣ ва меҳр хондаанд.

Чакан ва атлас аз либосҳои миллии тоҷиконаанд, ки дар миёни бонувон аз маҳбубияти хос бархӯрдор мебошанд. Агар солҳои қабл мӯди баҳории Тоҷикистонро танҳо куртаи чакан ё атлас ташкил медод, аммо имсол тарроҳони тоҷик онро бо ҳам омехта карда, бо шакли замонавӣ пешкаш кардаанд.

Чакан-ин пираҳани зебои саропо гулпӯшро шоира Хиромони Неъмат дар шеъри худ бо номи «Чаканпӯш» зебо тасвир карда, гуфтааст, ки рӯйи нақши чакан гули хуршеду моҳу ҳам ситора, гули сурху сафеду ҳам гулобӣ бонуи тоҷикро дар оғӯш гирифта, дилашро ҳар лаҳза ба ҷӯш меоварад:

Чаканпӯшам, чаканпӯшам, чаканпӯшам,

Зи Наврӯзи аҷам ояд маро хуш.

Миёни гулъузорони сухангӯ,

Сухан гӯям, ҳамегардӣ фараҳнӯш.

Нақшҳои матои зеборухони синну соли мухталиф ва либосҳои атласу адрас ба бар дар назар лаҳзаҳои аҷоибу ғароиби табиатро мемонад. Гоҳе мисоли раъду барқ, гоҳе тирукамон, гоҳе марғзору сабзазор, гоҳе борони найсону лолаҳои сурху зард ва гоҳе хуршеди зарҳаливу моҳи дурахшони чаҳордаҳрӯза, ки ҳар яке чашм мерабоянду дил мебаранд. Аз ин рӯ худро дар оғӯши чашмасору обшорон ҳамнишин бо мурғакони нағмасаро тасаввур мекунӣ, ки дар ин бобат шоир ҳам гуфтааст:

Куртаи атлас ба бар, рўй чу наргиси тар,

Шӯълаи рангинкамон бар тани ту ҷилвагар.

***

Аз матоъҳои нафису дилрабо атлас бувад,

Чун баҳористон хуррам ҷонфизо атлас бувад.

Бар тани ҳар духтару зан қоиму зебанда аст,

Ҳуснафзо, шавқбахшо, бебаҳо атлас бувад.

Муруре ба осори шоирони маҳбубу хушқалам аз он шаҳодат медиҳад, ки баҳор бо тамоми зебоӣ, латофату назокаташ ба ҷисму рӯҳи ҳар мавҷуди  зинда қуввату илҳоми тоза мебахшад. Шояд ба ин хотир бошад, ки аксари одамон фасли баҳорро фасли дӯстдоштаи худ мехонанд ва беҳуда онро арӯси сол нагуфтаанд, зеро ин фасл бо тамоми зебоиву таровати хеш ба арӯсе шабоҳат дорад, ки бо ҳусну ҷамол ва либосҳои ба баркардааш диққати атрофиёнро ба худ ҷалб менамояд.

Бигзор баҳори нав ба рӯзгори ҳар яки мову шумо файзу баракат ва зебогиву осудагӣ биёрад!

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Март 1, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода