Дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ озмуни «Сайри гулҳо» баргузор гардид

Апрель 8, 2019 15:11

ХОРУҒ, 08.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озмуни  «Сайри гулҳо» баргузор шуд. Дар озмун асосан гулҳои  хонагӣ,  тухми гулу гиёҳҳои гуногун, кӯчати гулҳо ба намоиш ва фурӯш гузошта шуданд. Дар гӯшаи дигари майдон боғдорон ниҳолҳои дарахтони мевадору сояафканро ба сокинони шаҳру деҳоти атрофи он пешниҳод намуданд.

Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Мулкамон Назаралиев гуфт, ки ин озмун мутобиқи Амри  Президенти Тоҷикистон бо мақсади рушди  гулпарварӣ дар саросари мамлакат ва ба ин восита боз ҳам зебову дилрабо намудани манзил, ҳавлии хонаҳо, кӯчаву хиёбонҳои шаҳру деҳот роҳандозӣ шуд.  Азбаски фасли баҳор дао Бадахшон нисбат ба дигар манотиқи кишвар дертар фаро мерасад, гулпарварон имкони ба намоиш гузоштани гулҳои саҳроиро надоранд. Ҳамзамон дар озмун 2 ҳазор дона гулҳои гуногун,100 намуди тухмиҳои гулу бутта ва гиёҳ ба маърази намоиш гузошта шуданд.

Ба гуфтаи сокини шаҳри Хоруғ Фарзона Маҳтобшоева, ки 20 сол боз ба парвариши гулҳои хонагӣ машғул аст ва дар озмуни мазкур 20 намуди гулҳоро ба намоиш гузоштааст, «ҳар як гул мисли инсон хислату хосияти худро дорад. Гул хеле табъи нозук дорад ва ҳамеша ба навозишу меҳрубонӣ ниёз дорад. Дар хонае, ки меҳру муҳаббат аст, гулҳо низ хушу шукуфтаҳол ҳастанд. Гулпарварӣ як шуғли хеле шавқовар аст ва агар касе ба он дил бандад, дигар зиндагии худро бидуни гул тасаввур карда наметавонад. Ӯ ҳамеша  дар ҷустуҷӯи намудҳои нави гул мешавад».

Ходими калони илмии Институти биологии Помири Академияи  илмҳои ҷумҳурӣ дар вилоят Маҳбуба Исломбекова  гуфт, ки дар  рушди  соҳаи гулпарварӣ ҳиссаи  олимони  ин Пажӯҳишгоҳ   назаррас аст. Солҳои зиёд аст, ки  бисёр идораву муассисаҳо ва сокинони шаҳр  бо олимон ҳамкорӣ доранд. Тухму кӯчатҳои гулро маҳз аз Интитути онҳо дастрас намуда, аз олимон маслиҳату тавсия мегиранд. Ин ходими илмӣ изҳори умедворӣ кард, ки баъди чунин озмунҳо теъдоди гупарварон дар шаҳру деҳооти вилоят боз ҳам бештар мегардад.

Дар хатми озмун беҳтарин гулпарварон бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардиданд.

Апрель 8, 2019 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор мегарданд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба аҳли илм руҳияи тоза бахшид
«Куллиёт»-и осори Мирзо Турсунзода рӯнамоӣ гардид
Ба шаҳри Панҷакент Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ дода шуд
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!» Дар пойтахт озмуни шаҳрӣ идома дорад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Ин таоми миллӣ хусусияти табобатӣ низ дорад
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
«ДАР ҲУНАР КӮШ, КИ ЗАР ЧИЗЕ НЕСТ…». Фаъолияти Аспармо Мавлоназарова барои рушди ҳунарҳои миллӣ намунаи ибрати ҷавонон аст
Дар Душанбе дар мавзуи Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳамоиш доир гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад