Дар Москва рушду тавсеаи ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои муҳими муносиботи Тоҷикистону Россия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия 16-17 апрели соли равон дар шаҳри Москва Конфронси ҳафтуми ҳамкории байниминтақавии Россияву Тоҷикистон баргузор мегардад.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шаҳри Москва хабар медиҳад, ҳадафи асосии конфронс рушду тавсеаи ҳамкории амалии ташкилоту идораҳо ва доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Россия, бахусус дар соҳаҳои кишоварзӣ, логистика, интиқолу молу маҳсулот, тиҷорату савдо, маориф ва фарҳанг буда, дар кори он бештар аз 300 нафар намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту ширкатҳо ва доираҳои соҳибкории ҳарду ҷониб ширкат намуданд. Рӯзи аввал дар доираи конфронс Форуми ҷавонон таҳти унвони “Роҳи муштарак ба иқтисодиёти оянда” баргузор шуд, ки зимни он иштирокдорон аз ҳарду ҷониб оид ба вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф, бахусус иқтидори ҳамкорӣ дар бахши иқтисодӣ дар 3 мизи мубоҳисавӣ роҷеъ ба дарёфти роҳу усулҳои самараноки рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак фикру мулоҳиза ва пешниҳодоти худро баён доштанд. Таваҷҷуҳи хоса ба масъалаҳои туризму соҳибкорӣ, бахусус омода кардани мутахассисони болаёқат аз ҳисоби ҷавонон дар соҳаи туризму соҳибкорӣ бо пешниҳоди лоиҳаву барномаҳои мушаххас зоҳир гардид.
Бояд гуфт, ки конфронси ҳафтум оид ба ҳамкории байниминтақавии Россияву Тоҷикистон баррасии масъалаҳоро вобаста ба дарёфту такмили механизму имкониятҳои воқеӣ ҷиҳати таҳкиму ҳамоҳангсозии фаъолияти байниминтақавӣ, байниидоравӣ ва бахши хусусӣ дар бар мегирад. Аз ин рӯ, иштирокдорони ин конфронси муҳим вобаста ба самтҳои худ дар масъалаҳои кишоварзӣ, логистика, саноат, сармоягузорӣ, савдо ва маорифу фарҳанг ду суҳбати “мизи мудаввар” баргузор намуданд.
Доир ба масъалаҳои иқтисодӣ намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ассотсиятсияи самтҳои алоҳидаи соҳибкории истеҳсолию хизматрасонӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, ширкатҳои пешоҳанги истеҳсолию саноатӣ иштирок намуда, масъалаҳоро оид ба дарёфти роҳҳои афзалиятноки диверсификатсияи мутақобилаи интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ, воридоти техникаи кишоварзии истеҳсоли Россия, суръати рушди саноати озуқавории Тоҷикистон ва имкониятҳои иштироки сармоягузорони Россия дар ин раванд, таъсиси шабакаи марказҳои яклухт ва тақсимкунӣ, ҳамоҳангсозии идораи рақамии давлатӣ ва мунисипалӣ, кооператсияи саноатӣ, таъсиси занҷири кооператсионии миёни корхонаҳои Тоҷикистону Россияро ба тафсил ва мушаххас баррасӣ карданд.
Дар кори мизи мудаввари дуюм рушду инкишофи ҳамкорӣ дар самти маорифу фарҳанг, аз ҷумла забономӯзӣ, такмили касбияту тахассус ва табодули донишомӯзону барномаҳои таълимию маърифатӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






