Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 15.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ Фестивал–озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» бо шукӯҳу шаҳомат оғоз гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни ифтитоҳи Фестивал-озмун муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён аҳли санъату театрро бо ифтитоҳи он табрик намуда, иброз дошт, ки театр дар таърихи беш аз се ҳазорсолаи худ дар тамаддуни башар иникосгари вазъи иҷтимоии ҷомеа ва рӯҳу маънавиёти мардум эътироф гаштааст.
Зикр гардид, ки имсол фестивали мазкур ба 80-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов ва 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.
«Маҳмудҷон Воҳидов ситораи тобони санъати касбии тоҷик буда, дар тӯли умри кӯтоҳ бо ҳунару истеъдоди худ дар дилу дидаи ҳаводорони ин ҳунари воло абадан нақш баст. Нақшҳои офаридаи ӯ дар намоишҳои «Қисмати шоир», «Алломаи Адҳам ва дигарон», «Ромео ва Ҷулйетта», «Муфаттиш», филмҳои ҳунарии «Зумрад», «Ҳасани аробакаш», «Достони Рустам ва Суҳроб», моноспектаклҳои «Гуфтугӯ бо худ» ва ғайраҳо шоҳкориҳои санъати асил буда, ба хазинаи тиллоии фарҳанги миллӣ дохил шудаанд», -афзуд Обид Назариён.
Мавриди зикр аст, ки дар фестивали мазкур 18 театри касбии кишвар намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир саҳнавӣ гардидаанд, ба маърази тамошобинон ва ҳакамони озмун мегузоранд.
Инчунин дар доираи фестивал баргузории ду суҳбати «мизи мудаввар» – яке дар мавзӯи «Маҳмудҷон Воҳидов – арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик» ва дигаре- «Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон» дар назар аст.
Гуфта мешавад, ки Фестивал-озмуни «Парасту» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад.










Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад






