Лутфия Абдухолиқзода: «Мавқеи илм ва нақши он дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф ва фарҳанги ҷумҳурӣ устувор мегардад»
ДУШАНБЕ, 12.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илми тоҷик, ки 14 апрел таҷлил мегардад, ҷамъомади идона баргузор гардид.
Қабл аз ифтитоҳи ҷаласа кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳо дар марқади академикҳои АИ ҶТ чун С. Айнӣ, Б.Ғафуров, М.Осимӣ, С.Умаров, М.Турсунзода, А.Мухторов, Р.Масов ва дигарон гулчанбар гузошта, хотираҳои мондаро дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин донишмандони шинохта ба олимони ҷавон нақл намуданд. Дирӯз бошад, бо ибтикори олимони ҷавон қабри олимони мутазаккир аз бутаву партовҳои ҷойдошта тоза карда шуданд.
Ҷаласаи тантанавиро президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, аҳли толор ва минбарбудагонро бо фарорасии «Рӯзи илм» табрик намуд. Номбурда рисолати олимони тоҷикро дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон иқрор карда, хеле бамаврид таъкид намуд, ки дастгирӣ ёфтани паҳлӯҳои гуногуни илму маориф аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикиашон бахшида ба «Рӯзи илм» инъикос шудааст.
Сипас, сардори Раёмсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода аз мақоми хосса доштани илм дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон сухан карда, баён дошт, ки имрӯзҳо илм дар рушду шукуфоии ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа пеш аз ҳарвақта аҳамияти муҳим пайдо намудааст.
“Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба илм ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият ва ба олим ҳамчун сарвати бебаҳо нигариста, барои ривоҷу равнақи минбаъдаи илм ва бештар кардани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Мавриди зикр аст, ки натиҷаҳои илмии дар замони истиқлолият ба даст овардаи олимони тоҷик аз устувор шудани мавқеи илм ва нақши он дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф ва фарҳанги ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳад. Дар ин давра дар соҳаи илмҳои дақиқ, кишоварзӣ, техникӣ ҳамчун илмҳои ҷомеашиносӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шудаанд”,-гуфт Лутфия Абдухолиқзода.
Ба иштиррокчиёни маҷлиси тантанавӣ филми мустанаде аз ҳаёту фаъолияти илмиву сиёсии академик Бобоҷон Ғафуров намоиш дода шуд.
Дар ҳамоиш ба олимоне, ки соли равон соҳиби ҷоизаҳои АИ ҶТ ба номи олимони барҷаста гардидаанд, дипломҳо ва ба олимони Академия барои дастовардҳои назарраси илмӣ дар соли 2018 ифтихорномаҳо супорида шуданд.
Дар фарҷоми маҷлиси тантанавӣ президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимӣ ҷоизаҳои сатҳи байналмилалӣ ва дохили кишварро бар олимоне, ки ин ҷоизаҳои илмиро соҳиб шудаанд, тақдим карда, ҳамагонро, ки дар рушди илми тоҷик саҳми хешро гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ намуд.








Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад






