Рушди деҳот. Ин мавзӯъ мавриди баррасии иштирокдорони ҳамоише дар Душанбе гардид
ДУШАНБЕ, 25.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Масоили мубрами рушди деҳот дар Тоҷикистон: воқеият ва дурнамо» ҳамоиш доир гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, коршиносону таҳлилгарон ва ниҳодҳои шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҳамоиш масъалаҳои муҳими марбут ба рушди деҳот, аҳамияти эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили пешрафти соҳибкории занон, вазъи сайёҳии деҳот дар Тоҷикистон, масоили умдаи рушди имкониятҳои ҷавонони деҳот, мушкилот ва дурнамои вазъи маориф дар деҳот ва инкишофи базаи меъёрии ҳуқуқии рушди деҳот ва вазъи татбиқи онҳо матраҳ гардиданд.
Зикр шуд, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Парлумони Тоҷикистон бо мақсади рушди инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд. Мусаллам аст, ки ҳадафи ин иқдоми Сарвари давлат амалӣ намудани талошҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.
Гуфта шуд, ки бо мақсади рушди деҳот ва минтақаҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ, рушди нерӯи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 Кумитаи рушди маҳалли назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки рисолати мақомоти мазкур рушди минтақаҳои мамлакат аст. Ҳамзамон дар самти рушди маҳал ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 40 қонун таҳия ва қабул гардидааст.
Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон дигар масъалаҳои марбут ба рушди деҳот ва дурнамои онро муҳокима намуда, пешниҳодҳои судманд намуданд.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






