Субъектҳои Федератсияи Россия бо маҳсулоти Тоҷикистон хуб шиносанд
ДУШАНБЕ, 17.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муносибатҳои шарикӣ бо қариб 70 минтақаи Федератсияи Россия ба роҳ монда шудаанд. Субъектҳои Федератсияи Россия бо маҳсулоти Тоҷикистон хуб шиносанд, маҳсулоти бозорҳои Россия низ барои мо маъмулианд. Ин матлабро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар Конференсияи 7-уми ҳамкории байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон, ки дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия дар шаҳри Москва ҷараён дорад, изҳор дошт.
«Мо ҳамгироӣ дар сатҳи минтақаҳоро ҳамчун яке аз самтҳои страгегӣ ва ояндадори муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Россия арзёбӣ менамоем»,-зикр намуд Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Н. Ҳикматуллозода иброз дошт, ки дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ низ бисёр корҳо анҷом дода шуданд. Ҷавонони тоҷик ба гирифтани маълумот дар Россия таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Имрӯз тақрибан 20 ҳазор шаҳрвандони мо дар донишгоҳҳои Россия таҳсил менамоянд. Дар Душанбе 3 филиали донишгоҳҳои калонтарини Россия ифтитоҳ ёфтаанд, ки дар онҳо беш аз 4,5 ҳазор донишҷӯ таҳсил ва қариб сесад нафар омӯзгорон фаъолият доранд. Илова бар ин, дар ҷумҳурӣ як зумра шуъбаҳои Фонди “Русский мир” таъсис дода шудаанд.
Дар татбиқи созишҳои қабулгардида дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии ду кишвар, инчунин дар муҳокима ва ҳалли саривақтии масъалаҳои муҳим ва мушкилот дар ин соҳаҳо Комиссияи байниҳукуматии тиҷоративу иқтисодӣ, ки ҷаласаи 16-уми он якчанд ҳафта қабл дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, нақши ҳамоҳангсоз дорад. Аз рӯи натиҷаҳои кори ин ҷаласа, ки тадбирҳои андешида ба рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика ва нефту газ, афзун намудани ҳаҷми гардиши мутақобилаи маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Россия, содагардонии расмиёти гумрукӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, бонкию молиявӣ ва иҷтимоӣ равона шудаанд, созишҳо ба даст омаданд.








Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид






