«ТОҶИКИСТОНРО БА САРЗАМИНИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!». Зери ин шиор имрӯз дар ноҳияи Варзоб маъракаи тозакории мавзеъҳои сайёҳгузар доир гардид

Апрель 6, 2019 12:05

ДУШАНБЕ, 06.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи ҳашарҳои умумиҷумҳуриявӣ ва чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сазовар таҷлил намудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Варзоб ҳашари навбатии кормандони Кумита ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ташкил гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, ҳадафи аслии тозакориҳо беҳдошти фазои экологӣ ва омодагиҳо ба қабули сайёҳон мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки аз моҳи март сар карда гардиши сайёҳон ба ҷумҳурӣ зиёд гашта, партовҳои зиёд дар мавзеъҳои сайёҳгузар боиси озурдахотирии меҳмонону сайёҳони хориҷӣ мегардад. Мақомоти маҳалиро зарур аст, ки дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омодагии хосаро сармашқи кори худ намоянд.

«Ҳамчунин, аз шаҳрвандони ватандӯсти кишвар эҳтиромона хоҳишмандем, ки баҳри ободу тоза нигоҳ доштани ҳар як гӯшаи диёрдар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳми назарраси худро бо меҳмоннавозии тоҷикона гузоранд, то ки меҳмонону сайёҳон бо таассуроти хуб ба кишвари худ баргашта, ба дўстони худ таассуроти нек баён доранд, ки ин васила яке аз роҳҳои беҳтарини таблиғот оид ба Тоҷикистон ва ҷалби бештари сайёҳон мебошад», — тазаккур дод манбаъ.

Ноҳияи Варзоб аз наздиктарин ноҳияҳо ба шаҳри Душанбе мебошад, ки барои рушди сайёҳӣ дорои захираҳои бой буда, инфрасохтори мукаммал фароҳам оварда шудааст. Ноҳия дар асоси қарори Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2000, № 461 «Дар бораи тасдиқи Барномаи мақсадноки комплексии рушди ноҳияи Варзоб ҳамчун минтақаи истироҳат, табобати санаторию курортӣ ва туризм дар давраи солҳои 2000-2010» хеле рушд намуд.

Дар ноҳияи Варзоб мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ 920 минтақаи истироҳатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин фаъолияти 65 минтақаи истироҳатии оммавӣ-мавсимӣ буда, фаъолияти як қатор иншооти муҳими сайёҳӣ ба монанди минтақаҳои истироҳатии «Кохи Малика», «Варзоб Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» доимӣ мебошанд, ки дар ин минтақаҳо барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ тамоми шароитҳои муосир фароҳам оварда шудааст. Дар баробари мавҷуд будани ёдгориҳои таърихӣ, осоишгоҳҳои «Хоҷа оби гарм», «Сароб» ва пансионати «Харангон» фаъолияти доимӣ доранд, ки барои табобат ва истироҳати меҳмонону сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ тамоми шароитҳо бо хизматрасониҳои замонавӣ таъмин карда шудааст.

Апрель 6, 2019 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид