Занони соҳибкори тоҷик: «Мо ҷаҳонро ба Тоҷикистон ва Тоҷикистонро ба ҷаҳон бо диди фарҳангии хеле олӣ муаррифӣ менамоем»

Апрель 30, 2019 14:39

ДУШАНБЕ, 30.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки сиёсатмадорон, шарикони рушд, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, занони соҳибкор, сафирони Осиёи Миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми занони соҳибкор «Зан ва тиҷорат» баргузор гардид. Дар он қариб 200 нафар бонувони соҳибкору муваффақ ва ҳунарманди вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон, навоҳии тобеи марказ ва фаъолони шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Шаҳлои САДРИДДИН аз ҷараёни кори  форум хабар медиҳад, дар оғози он мизбонон ва меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули дасти занони ҳунарманд ва гирандагони гранти Президентӣ дидан намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода иброз намуд, ки  Кумита мақоми ваколатдори пешбарандаи сиёсати гендерии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар раванди сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда истодааст. «Масъалаҳои муҳиме, ки дар сиёсати амалкунандаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлол зина ба зина ҳалли худро ёфтанд, ин баланд бардоштани эътибори зан дар ҷомеа ва ба идоракунии давлатӣ ҷалб намудани неруи занон мебошад. Мо, занони кишвар сарбаландона гуфта метавонем, ки маҳз бо саъю кӯшиш ва дастгириҳои Сарвари давлат дар мавриди устувор намудани мавқеи занон дар ҷомеа ва ба фаъолияти идоракунӣ ҷалб намудани онҳо, тавассути квотаи президентӣ ба мактабҳои олӣ сафарбар намудани духтарон аз манотиқи дурдасти кӯҳистон, механизми қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои зан ва оила, қабули як зумра санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, Стратегияи рушди ҷумҳурӣ барои давраи то солҳои 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 мусоидат намуданд, то иштироки занон дар соҳаҳои ҷамъиятиву давлатӣ таъмин гардад»,-зикр намуд И.Қосимзода.

Ба гуфтаи Раиси кумита, дар замони муосир дар ҳама самтҳо занону духтарони тоҷик пурсамар фаъолият доранд. Вазъи иқтисодии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ва махсусиятҳои иқтисодии бозаргонӣ доираи фаъолияти занонро беш аз пеш зиёд карда истодааст.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва маҳз Сарвари давлат ба рушди соҳибкории хурду миёна ва алалхусус соҳибкории занон аҳамияти махсус дода шуда, сохторҳои дахлдор вазифадор шудаанд, ки баҳри такмили қонунгузории соҳа, фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди соҳибкории хурду миёна чораҷӯӣ намоянд. Дар ҷумҳурӣ аз соли 2006 то инҷониб грантҳои Президенти мамлакат  таъсис дода шудаанд, ки то 2018 ҳаҷми умумии маблағҳои грантӣ 16 млн 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар Форуми занони соҳибкор мавзӯъҳои мухталифи самтҳои фаъолияти соҳбкории занону бонувон, саҳми онҳо дар рушди кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар самти ташкил ва баргузор намудани намоиши ҳунарҳои мардумии сатҳи байналмилалӣ, дастгирии иқдомҳои занони соҳибкор дар сатҳи маҳал ва ғояҳои инноватсионӣ роҳандозӣ карда шуданд.

Бонуи соҳибкор ва роҳбари корхонаи заргарии «Марямбибӣ»-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Ҳусния Шоимова зимни суҳбат аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки имрӯзҳо сафи ҳунармандон, алалхусус бонувони ҳунарманду соҳибкор зиёд шудааст ва дар тамоми давлатҳои муштаракулманофеъ маҳсули дасти заргарбонувон ҳам барои харид ва ҳам ба тамошо гузошта мешаванд, ки ин ифтихори бузург аст. «Тайи асрҳост, ки мо ҳунари авлодӣ- шаҷараи 6-уми заргаронро пеш бурда истодаем. Мо имрӯз ҳунари аҷдодиро ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва берун аз он муаррифӣ карда истода, онҳоро аз ин ҳунари худ баҳраманд мегардонем. Шогирдони зиёд тарбия намудем, ки танҳо дар шаҳри Душанбе зиёда аз 20 ва дар вилояти Хатлон беш аз 15 нафаранд, ки ҳамаи онҳо бо кор таъмин карда шудаанд. Мо ҳамеша ба такмили ин ҳунар кӯшиш мекунем, то ҳар рӯз як навгоние ба миён орем. Маҳсули дасти мо дар тамоми намоишгоҳҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ ба намоиш гузошта шуда, муштариёни худро пайдо намудааст»,-мегӯяд ин бонуи заргар.

Ба гуфтаи ин соҳибкор, сафаре, ки онҳо 7 марти соли равон ба Шоҳигарии Уммон доштанд, хеле хотирмон гузашт. «Дар намоишгоҳ маҳсули дасти мо дар ин кишвар ба фурӯш бароварда шуда, харидорони зиёд пайдо кард. Вақте маҳсули дасти моро мебинанд, бовар намекунанд, ки ин кори дастист. 10 рӯзе, ки мо дар онҷо будем, маҳсули дасти мо пурра харид шуд ва мо дар охир сазовори ҷойҳои намоён ва диплому ифтихорномаҳо  гардидем. Дар оянда низ нақша дорем, то самти фаъолияти заргарии худро васеътару сафи ҳунармандонро зиёдтар кунем ва маҳсулоти дасти худро ҳам дар кишвар ва ҳам берун аз он ба фурӯш барорем»,-афзуд ӯ.

Дар Форуми мазкур намояндагони Шӯрои занони соҳибкори назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ду сол қабл таъсис ёфта, зиёда аз 100 нафар занону бонувони соҳибкори кишварро фарогир аст, иштирок намуданд.

Бонуи ҳунар, Раиси Ассотсиатсияи ҳунармандони Осиёи Марказӣ, Раиси бунёди байналмилалии ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон «Ҳафт пайкар»  Мукаррама Қаюмова, ки дар айни замон гирандаи гранти Президентӣ низ ҳаст, аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки тавонистааст тавассути ҳунару фарҳанги тоҷик ҷаҳонро ба Тоҷикистон ва Тоҷикистонро ба ҷаҳон бо як диди фарҳангии хеле олӣ муаррифӣ намояд. «Мо тавонистем ҳунару фарҳанги миллати хешро, ки дар тӯли чандин асрҳо ба мерос мондааст, дар либос намоиш диҳем. Ман хушбахтам, ки 19 майи соли равон ба Тоҷикистон корвони ҳунармандон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Босния, Македония, Гурҷистон ва Россия ворид мешавад. Ин талошҳо ба хотири он аст, то онҳо оянду бубинанд, ки ҷаҳони тоҷикон чӣ қадар шукуфону зебост. Мо дӯстоне дорем, ки ҳамасола ба фестивалҳои мо меоянд ва мегӯянд, ки Тоҷикистон, хосса шаҳри Душанберо шинохта намешавад. Ба ин хотир ҳам мо кӯшиш карда истодаем, ки шаҳри мо барои ояндасозони ин миллат бо зебоии худаш ҳарф занад»,-гуфт М.Қаюмова.

Апрель 30, 2019 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 17 ҳазор сайёҳ ворид гардидааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан 100 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти марказҳои «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд тақвият меёбад
«Centrum Air» парвозҳои мустақимро дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд оғоз намуд
Дар Душанбе бо ҳайати намояндагони Бонки Осиёии рушд масоили рушди инфрасохтори гумрукӣ баррасӣ шуд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон беш аз 23 миллиард сомониро ташкил дод
Маконҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистонро беш аз 760 ҳазор сайёҳи хориҷӣ тамошо намуданд
Логистика ба бахши ҷудонопазир ва муҳаррики муҳими иқтисод табдил меёбад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» доир шуд
Дар Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ зиёда аз 100 ширкати Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуданд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб Созишномаи ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид
Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб доир гардид