Беш аз 130 тонна равғани пастсифати нахл аз қаламрави гумрукии Тоҷикистон реэкспорт мегардад
ДУШАНБЕ, 16.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» 130,733 тонна равғани нахли воридгардидаи истеҳсоли Малайзия пастсифат ва ғайристандартӣ арзёбӣ гардида, аз қаламрави гумрукии мамлакат реэкспорт карда мешавад.
Аз Агентии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар доираи корҳои сертификаткунонии маҳсулот ҷиҳати гузаронидани ташхиси муқоисавӣ аз ҷониби Маркази «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Истаравшан ба озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯроквории дастгоҳи марказии Агентии «Тоҷикстандарт» намунаи равғани нахл пешниҳод шуд.
Зимни ташхиси физикӣ-кимиёвӣ муайян гардид, ки намунаи равғани нахли пешниҳодгардида аз рӯи нишондоди сифат ва бехатарӣ ба талаботи ҳуҷҷати меъёрӣ – ГОСТ 31647-2012 «Масло пальмовое рафинированное дезодорированное для пищевой промышленности» ва Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон 010-2016 «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» мутобиқ нест. Тибқи низоми «Реэкспорт», барои аз қаламрави ҷумҳурӣ берун баровардани маҳсулоти мазкур ба Хадамоти гумрук дархост пешниҳод гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, мақомоти «Тоҷикстандарт» дар самти пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ хатарнок ва таъмини риояи талаботи ҳатмии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ – регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам аз ҷониби мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» бо воридкунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешаванд.
Новобаста ба гузаронидани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон то ба ҳол соҳибкороне ҳастанд, ки ба бемасъулиятӣ роҳ дода, маҳсулоти пастсифат, муҳлати истеъмолаш гузашта ва ба талаботи стандарт ҷавобгӯ набударо ба фурӯш бароварда, ҳаёт ва саломатии шаҳрвандонро зери хатар мегузоранд.








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






