Дар Душанбе роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Осиёи Марказӣ ҷамъ меоянд

Май 11, 2019 10:33

ДУШАНБЕ, 11.05.2019/АМИТ «Ховар»/. 13-уми май шаҳри Душанбе мизбони нахустин вохӯрии роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Осиёи Марказӣ оид ба масоили рушди авиатсияи граждании минтақа  мегардад. Вохӯрии мазкур бо ибтикори ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ҳамкорӣ  бо Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IАТА) гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.

Тибқи хабари манбаъ вохӯрии мазкур  дар силсилаи вохӯриҳои банақшагирифта нахустин иқдом буда барои баррасии мушкилоти минтақавӣ, ки садди рушди авиатсияи граждании минтақа гардидаанд, ҳамчунин роҳандозии иқдомҳои муштараки ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ҳукуматҳои кишварҳо ва ҷонибҳои дигари ба рушди минбаъдаи авиатсияи граждании Осиёи Марказӣ мароқдошта бобати афзоиши гардиши мусофирон, васеъкунии парки ҳавопаймоӣ ва шабакаи парвозҳо имконият фароҳам меорад.

Иштирокдорони вохӯрӣ ҳамзамон шарҳи афзалиятҳои ҷории авиатсияро дар минтақа ва дурнамои иқтисодиро барои солҳои наздик, «танзими оқилона» ва татбиқи он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷанбаҳои бехатарии парвозҳо, воридсозии аудити бехатарии истифодабарии IATA (IOSA)-ро ба танзими миллӣ, навигатсияи ба нишондиҳандаи иқтидорҳо асосёфта, таъмини устувори сӯзишворӣ, таҳлили пардохтҳои фурудгоҳӣ дар минтақа ва масъалаҳои дигарро муҳокима хоҳанд кард. Интизор меравад, ки  дар вохӯрӣ роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» (Тоҷикистон), «Эйр Астана» (Қазоқистон), «SCAT» (Қазоқистон), «QAZAQ Air» (Қазоқистон), «Uzbekistan Airways» (Ӯзбекистон) ва «Авиа Траффик» (Қирғизистон) ширкат варзида, намояндагони Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ ба ҳайси нозирону коршиносон ҳузур хоҳанд дошт.

Ташаббускори вохӯрии мазкур — ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» алҳол муваффақона парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб,  Туркия, Чин,  Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад. Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои навъи Боинг 737-300, 800 ва 900 иборат мебошад.

Май 11, 2019 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд