ДОНАЛД ТУСК: «ДАР МИНТАҚАИ ДУРДАСТИ ТОҶИКИСТОН ШОҲИДИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ГАРДИДАМ!». Президенти Шӯрои Аврупо бори аввал аз Кӯли Сарез ва кӯҳистони Дарвоз дидан кард

Май 31, 2019 14:43

ДУШАНБЕ, 31.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Дар минтақаи дурдасти Тоҷикистон шоҳиди бевоситаи  тағйирёбии иқлим гардидам!..», — чунин баён кардааст Доналд Туск таассуроташро аз сафари худ ба Вилояти Автономии Бадахшони Қӯҳӣ дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук».  

Ӯ, аз ҷумла, обшавии чанде аз пиряхҳои атрофи кӯл ва зебогии онро мутазаккир шуда, чунин  идома додааст: «Дар минтақаи дурдасти Тоҷикистон шоҳиди бевоситаи тағйирёбии иқлим гардидам. Кӯли Сарез зебо менамояд. Тасаввур кунед, ки вақте онро пиряхҳо иҳота мекарданд, он чи қадар зебо буд. Ин ҷо иқлим тағйир меёбад, 5 пирях аллакай об шудааст ва сатҳи об баланд мегардад».

Ҳамчунин дар идома Доналд Туск тағйирёбии иқлимро мушкилоти ҷаҳонӣ номида, ба  фаъолияти якҷоя ҷиҳати пешгирии он даъват менамояд.

Ёдовар мешавем, ки 29 май Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар доираи ин сафар 30 май дар Қасри миллат маросими истиқболи расмии ӯ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию башардӯстонаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, татбиқи санадҳои қаблан имзошуда, аз ҷумла Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ карда, нақши Шӯрои ҳамкорӣ, Кумитаи ҳамкорӣ ва Зеркумитаи рушди он, Муколамаи сиёсию амниятӣ ва Муколамаи ҳуқуқи инсонро барои таҳкими муносибот, назаррас арзёбӣ карданд.

ДАР АКСҲО: Президенти Шӯрои Аврупо  ҳангоми боздид аз кӯли Сарез ва кӯҳистони ноҳияи Дарвоз.

Май 31, 2019 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид