НАССОҶӢ ВА ДӮЗАНДАГӢ. Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе вазъи соҳаҳои мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд

Май 24, 2019 10:19

ДУШАНБЕ, 24.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар чӣ вазъ қарор дорад? Баҳри рушди соҳаҳои мазкур  чӣ  тадбирҳо бояд андешид? Дар ҳамоише, ки дар мавзӯи «Дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар доираи 300 рӯзи ислоҳот» дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирокдорони  ҷамъомад  ба суолҳои зикршуда  посух гирифтанд. Дар ҳамоиш намояндагони ширкатҳои хусусӣ, иттиҳодияҳо, ширкатҳои консалтингӣ, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ масъалаҳои марбут ба  рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагиро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Раиси Шӯрои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Файзалӣ Раҷабов зикр кард, ки «бо баланд бардоштани зарфиятҳо ва иқтидори  ширкатҳои ватанӣ имкон дорем, ки  дар бозори минтақавӣ рақобатпазир гардем. Дар ин самт, дар радифи талошҳои ширкатҳо, ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ, сохторҳои молиявӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ, зеҳнӣ ва молиявӣ зарур аст».

Дар нишаст дар баробари муаррифии вазъи кунунии истеҳсолот, муҳити соҳибкорӣ ва бозорёбӣ дар соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, инчунин намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ роҷеъ ба  барномаҳо ва имтиёзҳои фароҳамовардаи давлат дар иртибот ба соҳа ба ҳозирин иттилоъ доданд.

Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон бо  фаъолияти барномавии шарикони рушд, ки ба тақвияти соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ равона шудааст, ошно гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамоиши мазкур  идомаи силсилаи нишастҳоест, ки қаблан  дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар бо ибтикори Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, таҳти сарпарастии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази тиҷорати байналмилалӣ гузаронида шуд.

Май 24, 2019 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд