3 июл иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад

Июнь 29, 2019 12:36

ДУШАНБЕ 29.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 3 июли соли 2019 иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳад.

Интизор меравад, ки ба баррасии иҷлосияи мазкур рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №79 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» дар вилоят, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», №37 Маҳмудҷон Қаюмзода, номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети вилоятӣ барои соли 2019 ва тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят пешниҳод мегарданд.

Июнь 29, 2019 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад
Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд