«ДАР БОРАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ». Дар Душанбе муаррифии китоби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудааст, доир гардид

Июнь 11, 2019 15:50

ДУШАНБЕ, 11.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе  маросими рӯнамоии китоби Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ», ки ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудааст, баргузор  гардид.  Ин маросим дар остонаи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  сурат гирифт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар рӯнамоии китоби мазкур  муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Давлаталӣ  Саид, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Сафири Фавқулодда ва Мухтори  Ҷумҳурии Мардуми Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Лю Бин ва дигар намояндагони мақомоту идораҳо, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон  иштирок намуданд.

Давлаталӣ Саид номаи табрикии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокдорони  ҷамъомад расонида, ки дар он  аз ҷумла гуфта мешавад: «Бовар дорам, ки ин китоб ба доираи васеи хонандагони тоҷик барои аз наздик шинос шудан бо Чин ва усулҳои муосири идоракунии давлатӣ дар ин мамлакат имконият фароҳам меорад. Бо шарофати сиёсати дурандешонаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мамлакат ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву техникӣ ноил гардид. Тоҷикистон аз ин дастовардҳои ҳамсояи наздики худ- Чин сидқан хушҳол аст».

Зикр гардид, ки китоби Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ», ки ба забони тоҷикӣ  тарҷума ва нашр шудааст, дар фазои фарҳангии тоҷикон дар арафаи ташрифи қарибулвуқӯи Президенти мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи муҳим маҳсуб мешавад. Китоби мазкур хонандагонро бо таърихи пурғановати гузаштаю имрӯза, орзуву омоли наҷиби мардуми Чин, муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дурнамои ин мамлакат ва миллати соҳибтамаддун, ки дар арсаи олам аз зумраи пешсафтаринҳост, ошно месозад.

Таъкид шуд, ки китоби мазкур фарогири қариб 80 мақола, мусоҳиба ва гузоришҳо буда, ифодагари андешаву ниятҳо саҳифаҳои пурпечу тобу пуртаззоди рӯзгор гузашта, таҷрибаи бузурги таърихи Чин, роҳҳои ҳамкории судманд бо кишварҳо гуногуни олам, заминаҳои бениҳоят қавии таърихӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистону Чинро аз қадимулайём робитаҳои неки иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ бо ҳам мепайвандад ва ин робитаҳо дар замони муосир бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва бо саъю талоши сарони ҳар ду давлат вориди марҳиллаи сифатан нав гардидааст.

Имрӯз Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳким ва густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо давлати Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.

Июнь 11, 2019 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод