Дар Фестивали ҷумҳуриявии Атласу адрас намунаҳои гуногуни «шоҳи матоъҳо» намоиш дода шуд

Июнь 2, 2019 12:32

ДУШАНБЕ, 02.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бори аввал бо чунин шукӯҳу шаҳомати хосса дар сатҳи баланд Фестивали ҷумҳуриявии Атласу адрас баргузор шуд. Дар фестивал ҳунармандони моҳири вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии мамлакат матои миллии атласу адрасро муаррифӣ намуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории чорабинӣ иттилоъ медиҳад, дар қисмати ифтитоҳӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода сухан карданд.

Таъкид шуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти  олии давлату Ҳукумат анъанаҳои миллии мардуми тоҷик аз нав эҳё гардида, барои рушди он шароити мусоид фароҳам гардидааст. Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар истеҳсоли матои атласу адрас дубора эҳё гардида, сол то сол тамоюли афзоиш доранд.

Ҷиҳати рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ободии деҳаҳо, амалигаронии низоми самаранок барои пешрафти соҳаи сайёҳӣ солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, ки ин ба муҳайё кардани ҷойҳои кории нав барои занону духтарони хонашин ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дастӣ мусоиат менамояд.

Бино ба маълумоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода, дар баробари дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки барои рушди анъанаҳои миллӣ ва дастгириҳои ҳунармандон ба тасвиб расидаанд, инчунин бо мақсади ҳифз, рушди мероси фарҳангӣ, анъанаҳои миллӣ, ташаккули шуғли аҳолӣ ва омода намудани мутахассисони касбӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» таҳия шуда, дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар муҳокима гардид ва рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Сипас, меҳмонон, сайёҳон ва иштирокчиён аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ оид ба атласу адрас дидан намуданд, ки дар он намунаҳои гуногуни маҳсулоти аз ҷониби ҳунармандони кишвар омодагашта ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Ҳунармандони моҳири вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намунаҳои гуногуни адрасу атласи бофтаи худро пешниҳоди тамошобинон гардониданд. Матоъҳои атласу адраси ҳунарманони чирадасти тоҷик сайёҳони хориҷиро низ мафтун гардонид.  Намоиши либосҳои миллӣ аз матои атласу адрас, ки аз ҷониби тарроҳони кишвар омода гардида буданд, ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.

Фестивал аз рӯи номинатсияҳои гуногун бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ, рушди соҳаи саноати сабук, аз ҷумла ривоҷу равнақ бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои атласу адрас, тарғиби сарулибос аз матои табии аз ҷиҳати экологӣ безарар бо истифодаи услубҳои  миллии дӯзандагӣ, рушди меҳнати хонагӣ ва ба муносибати эълон гардидидани солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуд.

Ба таъкиди масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нав, ки аз ташкилкунандагони асосии чорабинӣ ба шумор мераванд, аз рӯи Низомнома, баргузории Фестивали ҷумҳуриявии Атласу адрас дар се давр ба нақша гирифта шуд. Даври якум дар сатҳи шаҳр ва ноҳия то 20 апрел, даври дуюм дар сатҳи вилоят ва шаҳри Душанбе то 20 май ва даври сеюм дар сатҳи ҷумҳуриявӣ имрӯз, 2-юми июни соли равон аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҷамъбаст гардид. Аз рӯи номинатсияҳои гуногун ғолибони фестивал муайян карда шуда, бо Шоҳҷоиза, диплом, ифтихорномаю сипосномаҳо сазовор гардонида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки атласу адрас маҳсули меҳнати дастӣ, чун воситаи муҳими эстетикию ороишӣ, зебоипарастӣ ва завқи бадеии мардум бо зиндагӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Мардуми тоҷик дар Шоҳроҳи Абрешим аз Шарқ то ба Ғарб дар давоми ҳазорсолаҳо бо матоъҳои атласу адраси худ маъруф буд. Матоъҳои нафису тааҷубовар ва нақшу нигор намудаи миллати тоҷик дар бозорҳои мамолики Шарқу Ғарб серхаридор буданд.

Тарзи тайёр ва истеҳсоли матоъҳои атласу адрас басо куҳан буда, пайдоиши ин матоъҳо аз анъанаҳои бофандагии халқи тоҷик сарчашма мегирад. Матоъҳои атласу адрас рангаю сернақшу нигор буда, аз рӯзи пайдоиш то замони муосир мавқеи хоси худро гум накардаанд ва дар байни газворҳои дигар матои атлас ҳамчун «шоҳи матоъҳо» эътироф гардидааст. Нақшҳои атласу адрас  дар назар лаҳзаҳои аҷоибу ғароиби табиатро мемонад. Гоҳе мисоли раъду барқ, гоҳе тирукамон, гоҳе марғзору сабзазор, гоҳе борони найсону лолаҳои сурху зард ва гоҳе хуршеди зарҳаливу моҳи дурахшони чаҳордаҳрӯза, ки ҳар яке чашм мерабоянду дил мебаранд. Аз ин рӯ худро дар оғӯши чашмасору обшорон ҳамнишин бо мурғакони нағмасаро тасаввур мекунӣ.

Имрӯзҳо дар корхонаи ҶДММ «Атласи Хуҷанд», зиёда аз 50 намуди атлас ва 30 намуди адрас истеҳсол мешавад, ки машҳуртарини онҳо бо номҳои «Баҳори Тоҷикистон», «Ҷавонӣ», «Туҳфа», «Тӯёна», «Муҳаббат», «Тирукамон», «Гулханд», «Хосиятхон» ва дигарҳо номгузорӣ шудаанд. Вобаста ба муаррифии атласу адраси истеҳсоли ватанӣ иштироки фаъоли ҳунармандон дар намоишгоҳҳои дохилӣ ва байналмилалӣ мунтазам ба назар мерасад. Бонувони тоҷик имрӯз бо ин касби аҷдодӣ машғул гашта, бо тарзу усулҳои хос намуди гуногуни матоъҳоро бофта пешкаши мардум намуда истодаанд.

Айни ҳол аз ҷониби ҳунармандон барои коркарди нақшу нигори миллӣ бо диди нав ва ба роҳ мондани истеҳсоли атласу адраси ба талаботи бозор ҷавобгӯ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳёи анъанаҳои миллӣ эътибори махсус дода, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 1000 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ таъсис дода шуд. Дар натиҷаи таъсиси чунин марказҳо соҳибхоназанҳо соҳибҳунар гардида, ба беҳсозии вазъи иҷтимоии оилаҳои худ  муваффақ гардида истодаанд. Соли равон дар ҷумҳурӣ 6, 6 ҳазор метри мураббаъ матои атлас ва 49,8 ҳазор метри мураббаъ матои адрас истеҳсол карда шудааст, ки ин нисбат ба солҳои пешин зиёд аст. Ин дастовард аз ҷалби занону духтарон ба ҳунарҳои мардумӣ гувоҳӣ дода, баёнгари тақвияти рушди соҳа ва ба ин васила омили сарчашмаи даромади буҷаи оилавӣ ба ҳисоб меравад.

Мавҷуда АНВАРӢ,
Тоҳири САИД,
АМИТ «Ховар»

 

Июнь 2, 2019 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Эрон ҳамкории гумрукиро тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон марҳилаи рамзгузории электронӣ ба воситаҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ оғоз мегардад
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор шуд
Huawei — пешсафи бозори ҷаҳонӣ
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир шуд
Соли равон гардиши мол байни Тоҷикистону Русия 19,8% афзуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба беш аз 2 миллиард доллари ИМА расонида шуд
Соҳибкорону саноатчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадрдонӣ гардиданд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи татбиқи лоиҳаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ иштирок намуд
Дар шаҳри Турсунзода аз 4504 кг ангури хушккардашуда 1126 кг мавизи хушсифат истеҳсол намуданд
Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Тотористон тақвият меёбад