Иҷлоси ҷашнии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 19.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 июни соли 2019 дар шаҳри Бишкек таҳти раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Роҳбарони давлатҳои узв иҷрои натиҷаҳои нишасти Чиндао-2018 ва вазифаҳои аввалиндараҷаи рушди минбаъдаи СҲШ-ро дар бофтори равандҳои кунунӣ дар сиёсат ва иқтисоди байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Мавқеи ҳамоҳангшудаи тарафҳо дар соҳаҳои сиёсат, амният, тиҷорат ва иқтисод, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ дар ҷаҳорчӯби СҲШ дар Эъломияи қабулшудаи Бишкек бозтоб ёфтанд.
Мутобиқи муқаррароти СҲШ, дар ҷараёни нишасти Бишкек раёсат дар СҲШ ба Федератсияи Русия гузашт. Аз ин рӯ, ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ, ки чун одат миёнаи ҳар сол даъват мешавад, соли 2020 дар Федератсияи Русия баргузор хоҳад гардид, ки дар рафти он раёсат дар СҲШ аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад гузашт. Мутаносибан иҷлоси ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд: соли 2021 ба таъсис ёфтани СҲШ 20 сол пур мегардад.
Тоҷикистон раёсатро дар Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ ва ҷаласаҳои намояндагони доимии СҲШ ба дӯш хоҳад гирифт.
Кишвари мо омодагиро ҷиҳати пазируфтани раёсат дар СҲШ дар солҳои 2020-2021 оғоз намуда, ният дорад, ки дар рушди минбаъдаи созмон саҳми арзанда гузорад.
Дар ин робита, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукотиро ҷиҳати омодагӣ ва баргузории нишасти чашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар таъсис додааст, ки он ҳоло фаъолона кор мекунад.
Дар давраи раёсати худ Тоҷикистон ният дорад, ки барои таъмини амният ва субот, таҳкими равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар паҳнои СҲШ кӯшиш ба харҷ диҳад.








САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Масқат масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд
Мероси Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар нишасти байналмилалӣ дар Теҳрон баррасӣ гардид
Мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо рӯзномаи «Умон»
Идибек Қаландар бо муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо мулоқот намуд
Дар Теҳрон масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи нақлиёт баррасӣ гардид
Қоҳир Расулзода ҳамдардии амиқи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба давлат ва мардуми Давлати Қатар иброз намуд
Таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои дахлдори иқтисодии Тоҷикистон ва Умон баррасӣ шуд






