Вакилони мардумӣ масъалаи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯрокаи ғанигардонидашуда ва оби нӯшокиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 03.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов», «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» -ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Тавре аз палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бо қабул гардидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов» бехатарии оби нӯшокӣ, таъмини сифат ва бехатарии обҳои партов, назорати давлатӣ ва баҳисобгирӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба оби нӯшокӣ ва обҳои партов беҳтар мегардад.
«Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» зикр намуд, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади пешгирии бемориҳои камхунии норасоии оҳан, синк, витаминҳои гурӯҳи «В», йод ва бемориҳои дигаре, ки бинобар норасоии микронутриентӣ сабаби фавти бармаҳали модарону кӯдакон гардидаанд ва ба маъюбӣ, аз ҷумла кретинизм оварда мерасонанд, таҳия ва пешниҳод гардидааст», -афзуд манбаъ.
Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарори дахлдор қабул намуданд.








Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиш баргузор гардид
Рушди муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
ҚОНУН «ДАР БОРАИ АВФ». Санади 18-уми башардӯстонае мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намудаанд
Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон ҷамъбаст шуд
Файзалӣ Идизода бо иштирокдорони Форуми «Кӯдакони Иттиҳод» мулоқот намуд






