ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ. Соҳибкорони шаҳри Исфара аз ҳисоби пасандозҳои худ муассисаи таълимӣ бунёд менамоянд
ДУШАНБЕ, 13.07.21019. /АМИТ «Ховар»/. Cоҳибкорони Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара тасмим гирифтаанд, ки ду муассисаи таълимӣ бунёд намоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Исфара хабар медиҳад.
Соҳибкорон тасмим гирифтаанд, ки дар доираи дастуру супоришҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон мактаби замонавӣ бунёд намоянд.
Ба иттилои манбаъ, чанде қабл мулоқоти Раиси шаҳри Исфара бо соҳибкорони маҳаллӣ ва бурунмарзии зодаи деҳоти Ворух доир гардида, роҳбари Ассотсиатсияи соҳибкорони бурунмарзии Исфара дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Сорбон Савриддинов омодагии худро ҷиҳати бунёди мактаби мазкур баён доштааст.
«Мо соҳибкорон омодаем, ки аз ҳисоби пасандозҳои худ як мактаби ҳозиразамонро дар яке аз маҳалҳои нави аҳолинишини деҳа сохта, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толибилмон туҳфа намоем», — гуфтааст Сорбон Савриддинов, ки метавон иқдоми ӯро намунаи ибрат номид.
Мавриди зикр аст, ки дар ин замина роҳбари Литсейи №3-и деҳа, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Шораҳматов низ тасмим гирифтааст, ки нахустин мактаби хусусиро дар деҳоти Ворух бунёд намояд.
«Иқдоми мазкур аллакай ба «Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара оид ба омодагӣ ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст», — афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷамоати деҳоти Ворух бо маблағгузорӣ аз буҷети вилоятӣ сохтмону навсозиҳои иншооти муҳими иҷтимоӣ идома дорад.








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






