Дар ноҳияи Сино низоми «Пардохти ягонаи коммуналӣ» дар марҳилаи пилотӣ ҷорӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 03.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе татбиқи низоми нави рақамии «Пардохти ягонаи коммуналӣ» ба таври пилотӣ оғоз мегардад. Ин низом ба рақамикунонии хизматрасониҳои коммуналӣ равона шуда, имконият фароҳам меорад, то ки сокинон пардохти хизматрасониҳои коммуналиро тавассути як суратҳисоб дар доираи як низоми ягона анҷом диҳанд.
Барои сокинон чӣ тағйир меёбад?
То имрӯз аксари сокинон барои ҳар як намуди хизматрасонии коммуналӣ алоҳида ҳисобнома гирифта, пардохтҳоро бо тартиб ва воситаҳои гуногун анҷом медоданд. Бо ҷорӣ гардидани низоми «Пардохти ягонаи коммуналӣ» ҳамаи хизматрасониҳои асосии коммуналӣ дар як ҳисоб муттаҳид карда мешаванд.
Ба пардохти ягонаи коммуналӣ хизматрасониҳои зерин дохил мешаванд:
- неруи барқ
- обу корезӣ
- гармидиҳӣ
- партовкашонӣ ва хизматрасонии фонди манзил.
Ҷорӣ намудани чунин тартиб ба шаффофияти ҳисоббаробаркунӣ, осон гардидани пардохт ва сарфаи вақти сокинон мусоидат менамояд.
Чӣ гуна пардохтро мебояд анҷом дод?
Пас аз анҷоми ҳисоббарорӣ ба сокинон SMS-паёмак ирсол мегардад, ки дар он маблағи ҳисобшуда, маълумоти пардохт ва пайванд барои гузаштан ба саҳифаи пардохт нишон дода мешавад.
Бо истифода аз ин пайванд шаҳрвандон метавонанд хизматрасониҳои коммуналиро тариқи онлайн, бидуни ҳузур дар нуқтаҳои қабули пардохт, анҷом диҳанд.
Оғози пилотии лоиҳа
Дар марҳилаи аввал низоми «Пардохти ягонаи коммуналӣ» дар ноҳияи Сино ба таври пилотӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳадафи марҳилаи пилотӣ санҷиши фаъолияти техникӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои коммуналӣ ва ҷамъоварии фикру пешниҳодҳои сокинон мебошад.
Ин таҷриба имкон медиҳад, ки пеш аз густариши низом дар дигар минтақаҳо, самаранокӣ ва устувории он мавриди арзёбӣ қарор гирад.
Ҳадафи татбиқи низом
Ҳадафи татбиқи низоми «Пардохти ягонаи коммуналӣ» ин осон намудани раванди пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, баланд бардоштани шаффофияти ҳисоббаробаркунӣ ва ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосири рақамӣ барои сокинони пойтахт мебошад.
Маълумоти муфассалро шаҳрвандон метавонанд аз сомонаи 1hisob.tj ё тавассути маркази тамос бо рақами кутоҳи 3322 дастрас намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз










Дар Тоҷикистон аввалин маҷмааи муосири истеҳсоли шиша бунёд мегардад
Тоҷикистон бо чанд давлати ҷаҳон муносибати савдои хориҷӣ дорад?
Дар Душанбе Форуми рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баргузор шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF барои Тоҷикистон 2 лоиҳаи нави муҳим ба маблағи 190 миллион доллар тасдиқ гардид
Дар Душанбе ҷараёни корҳои пешакии лоиҳаи сохтмони метро дар пойтахт муҳокима гардид
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамкориро бо Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш медиҳад
Дар Тоҷикистон Маркази ҳамоҳангсозии амнияти киберӣ барои бахши энергетика ва Низоми миллии иттилоотии бахши энергетикаи Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Соли 2027 Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Ҷопон иштирок мекунад
«Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла барои солҳои 2026–2030» панҷ самтро фаро мегирад
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва молияи Узбекистон Нақшаи ҳамкорӣ барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
Раиси Бонки миллӣ дар Форуми байналмилалии «Monetary Policy Dialogue – 2026» иштирок намуд






