Фаррух Ҳамрализода: «Дар Тоҷикистон ҳоло 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ мавриди татбиқ қарор доранд»

Июль 31, 2019 17:10

ДУШАНБЕ, 31.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ  амалӣ гардида истодаанд, ки маблағи умумии онҳо беш аз 31 миллиард сомониро ташкил медиҳанд. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ 31 июл дар Душанбе  ба намояндагони расонаҳои хабарӣ  гуфт, ки дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда то 1 июли соли равон беш аз 15 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст. Ин омор қариб 50 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳои  татбиқшавандаро ташкил медиҳад. 

Фаррух Ҳамрализода афзуд, ки раванди ислоҳот ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати ҷалби сармоя ба иқтисодиёти миллии мамлакат дар ин давра имкон дод, ки 5 созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расонида шуда, 3 созишномаи дигар таҳия шуда,  барои баррасӣ ба вазорату идораҳои марбута пешниҳод гардид.

Дар маҷмӯъ  дар доираи созишномаҳои сармоягузорӣ интизор меравад, ки 7 корхонаи нави истеҳсолӣ дар мамлакат бунёд ва барои амалигардонии онҳо қариб 200 миллион доллар сармояи ватанию хориҷӣ ҷалб карда шавад.

Ҳамзамон зикр гардид,  ки алҳол Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои амалигардонии лоиҳаҳои сармоягузорӣ корбариро идома дода истодааст. Дар мавриди мувофиқа ва тасдиқ гардидани онҳо боз 100 миллион доллар сармояи хориҷӣ солҳои оянда ба иқтисоди миллӣ  ҷалб карда хоҳад шуд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади муаррифии молу маҳсулот, пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ ва сармоягузорони хориҷӣ дар доираи нақшаи 300 рӯзи ислоҳот портали интерактивии соҳибкор бо соҳибкор (B2B)  www.b2b.tj ташкил карда шуд.

Инчунин бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии соҳибкорон, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорони навтаъсис ва ҷавонон, ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон, содироткунандагон ва ҷорӣ намудани усулҳои нави пешбурди соҳибкорӣ, ҷиҳати ташкил ва роҳандозӣ намудани фаъолияти муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон» ва марказҳои хизматрасонии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ тадбирҳои зарурӣ ба анҷом расонида шудаанд.

 

Июль 31, 2019 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Файзобод дар шаш моҳ 10,6 миллион сомонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидааст
Байни вазоратҳои адлияи Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои шаҳри Ваҳдат беш аз 600 миллион сомониро ташкил дод
Беш аз 60 маркази шаҳру ноҳияҳо бо нақшаи генералӣ таъмин мебошанд
Дурнамои ҳамкории дуҷонибаи вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб ба беш аз 5 миллиард сомонӣ расонида шудааст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи нави истеҳсоли обҳои ташнагишикан бунёд карда мешавад
Бонкҳо ва ташкилоти қарзии Тоҷикистон ба соҳибкорон беш аз 6,3 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намудаанд
Масоили таъсиси корхонаи истеҳсоли триоксиди сурма дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи дуюми Шурои миллии об баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе қабул ба «Школа 21» оғоз гардид
56 корхонаи коммуналии Тоҷикистон пурра ба низоми биллингӣ пайваст шудааст