Имсол 750 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо таҳсил фаро гирифта шуданд

Июль 11, 2019 17:13

ДУШАНБЕ, 11.07.2019. /АМИТ  «Ховар»/.  Бо барқарор гардидани  робитаҳои дӯстона ва дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар зарфи се соли охир ба самти таҳкими ҳамкории ду кишвар, бахусус соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам омад. Ин аст, ки дар соли таҳсили 2018-2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 750 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ин матлабро ректори Донишгоҳи мазкур Нӯъмонҷон Ғаффорӣ имрӯз, 11 июл зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз намуд.

Ба иттилои номбурда, дар соли таҳсили 2018-2019 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо 74 донишгоҳи дуру наздик созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

«Аз ҷумла, бо Донишгоҳи давлатии Термизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии Комсомоли Амур, Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ, Донишгоҳи шаҳри Венаи Австрия  созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд»,- иброз дошт Нӯъмонҷон Ғаффорӣ.

Ба зикри ректори донишгоҳ, ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳои мазкур бо мақсади табодули таҷриба дар доираи семинар, ҳамоишҳо, конференсия, гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос, дар самти амалӣ намудани корҳои илмӣ-методӣ ва тадқиқотӣ амалӣ мегарданд.

Зимни нишаст иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар донишгоҳ 14 факултет, 68 ихтисос дар зинаҳои бакалавру мутахассис ва 27 ихтисос дар шакли таҳсили фосилавӣ (ғоибона), инчунин 21 ихтисос дар зинаи таҳсили магистратура амал мекунанд.

Июль 11, 2019 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд