Лоиҳа-озмуни байналмилалии «Осиёи Марказӣ истеъдод меҷӯяд» яке аз дастовардҳои «Телевизиони Сафина» дар соли равон дониста шуд
ДУШАНБЕ, 24.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз дастовардҳои Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ-ин роҳандозири лоиҳа-озмуни байналмилалии «Осиёи Марказӣ истеъдод меҷӯяд» (Central Asia’s Got Talent) мебошад, ки дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон амалӣ мегардад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Карими Азиз иброз намуд.
Инчунин дар нишаст зикр карда шуд, ки ҳадафи асосии ин озмун рушди фарҳангу ҳунар, дарёфти истеъдодҳои нав, баланд бардоштани мақому нуфузи ҷумҳурӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон тавассути ҳунару маҳорати соҳибистеъдодҳои мамлакат мебошад.
«Аллакай даври интихобӣ ва якуми озмун дар толори барҳавои Театри опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ дар сатҳи хеле баланд ва бо иштироки садҳо нафар меҳмонон аз дохилу хориҷи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Беҳтарин соҳибистедодҳои мамлакат муайян гардиданд, ки дар даврҳои минбаъдаи озмун ҷумҳурии моро муаррифӣ хоҳанд кард», — зикр намуд ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур, журналисти шинохта Наргис Қосимова.
Бояд гуфт, ки як узви ҳайати ҳакамони озмуни мазкур ҳунарманди маъруфи тоҷик Аловуддин Абдуллоев буд, ки номзадҳоро барои даври нимниҳоӣ интихоб намуд.
Зикр карда шуд, ки дар назар аст Лоиҳа-озмуни байналмилалии «Осиёи Марказӣ истеъдод меҷӯяд» моҳи сентябри соли равон манзури тамошобинон гардад.








Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид






