МАРҲАБО БА «БОҒИ ИРАМ»! Пагоҳ дар ин ҷо ҳунари кулолгарон, чӯбтарошон ва сабадбофон ба намоиш гузошта мешавад

Июль 27, 2019 13:25

ДУШАНБЕ, 27.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 28 июли  соли равон дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе   Озмуни «Кулолгарӣ, чӯбтарошӣ  ва сабадбофӣ» баргузор мегардад.

Озмуни мазкур  аз ҷониби Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бо мақсади  рушди  ҳунарҳои кулолгарӣ,  чӯбтарошию сабадбофӣ ҳамчун ҳунарҳои аҷдодӣ  ва ташвиқу тарғиб намудани таҷрибаи пешрафтаи ҳунармандон  дар маҳаллаву деҳа, деҳоту шаҳрак, ноҳия,  шаҳру вилоятҳо ва дар сатҳи ҷумҳурӣ ташкил карда мешавад.

Тавре аз Вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмуни  бо мақсади иҷрои банди 26 «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021»,  ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018  тасдиқ шудааст,  баргузор мегардад.

«Ҳадафҳои асосии озмун тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ, оммавӣ гардонидани усулҳои беҳтарини ҳунарҳои кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ, тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои ин ҳунари аҷдодӣ, арҷгузорӣ ба заҳмати устоҳо ва муаррифии намудҳои гуногуни маҳсули ин ҳунар мебошад»,- афзуд манбаъ.

Озмуни дар се  давр — ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, барои сарфароз гардонидани ғолибони он, шахсони ташаббускор ва роҳбарони  фаъоли ташкилоту муассисаҳо шакл ва намуди мукофотҳо  — «Диплом»-и дараҷаи 1, 2 ва 3, «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-ҳо  муайян карда шудааст.

Ҳамзамон, шахсони ташаббускор ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳое, ки дар ин  озмун фаъолона иштирок мекунанд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

 

 

Июль 27, 2019 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд