РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ДАР ДЕҲОТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо татбиқи ин лоиҳа дар ноҳияҳои Фархор, Темурмалик ва Данғара аз наздик ошно шуд

Июль 9, 2019 17:48

ДУШАНБЕ, 09.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Як гурӯҳ намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷиҳати шиносоӣ бо рушди соҳаи чорводорӣ ба ноҳияҳои Фархор, Темурмалик ва Данғара  сафар карданд.  Сафари мазкур, ки дар он хабарнигори АМИТ «Ховар» Раъно НУСРАТУЛЛО низ ширкат дошт,   бо ташаббуси  Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи  «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» роҳандозӣ  гардид.

Ҳадафи  ин сафар  шиносоӣ бо татбиқи марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»  дар ноҳияҳои зикршуда арзёбӣ гардид.

Сараввал хабарнигорон аз ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагони «Меҳр»-и деҳаи Истиқлоли ноҳияи Фархор дидан намуданд. Деҳаи Истиқлол дар баландии 720  метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Масоҳати умумии заминҳои деҳа 1626 гектарро ташкил дода, аз он 1150 гектараш заминҳои чарогоҳ, 472 гектараш заминҳои корами лалмӣ буда, 4 гектарашро замини боғ ташкил медиҳад. Дар деҳа 147 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад. Чорводорӣ  яке аз самтҳои соҳаи кишоварзӣ буда, барои аҳолӣ соҳаи муҳим ва даромаднок ба ҳисоб меравад. Саршумори чорвои шартии деҳа зиёда аз 5 ҳазор сарро ташкил медиҳад.

Аҳолии деҳа аз сабаби норасоии техника ва мошинолоти кишоварзӣ кишт, коркард ва ҷамъоварии зироати хӯроки чорворо сари вақт ба анҷом расонида наметавонистанд. Соли 2017 дар доираи татбиқи лоиҳа ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагони «Меҳр» таъсис дода шуд. Маркази идораи лоиҳа вобаста ба мушкилоти деҳа онҳоро бо як адад трактори тамғаи ЮТО-1004, як ядад алафтойкунак, як адад испор ва як адад алафдараваки ротории тракторӣ, симтӯру пояҳо барои барқарорсозии ҳолати табиии чарогоҳ, 15 сар қӯшқорҳои зоти ҳисорӣ бо мақсади беҳтар намудани зоти гӯсфандон  таъмин намуд.

Хабарнигорон дар ин ҷамъият бо парвариши хуч ва бастубанди маҳсулоти хушкмева ошно шуданд.  Дастгирии занони деҳот яке аз ҳадафи асосии лоиҳа буда, дар парвариши хуч, коркард ва бастубанди хушкмева 12 зани хонашин ба кори мавсимӣ ҷалб шуданд. Дар ин ҷо дар  масоҳати 1 гектар боғи хуч ташкил шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ барои хушккунӣ ва бастубанди хушкмева таъмин карда шудааст. Айни ҳол занон фаъолият карда истода, барои оилаашон даромади иловагӣ меоранд. Дар оянда нақша доранд, ки масоҳати парвариши хуч зиёд карда шавад.

Хабарнигорон инчунин бо парвариши писта бо истифода аз технологияи муосир шинос шуданд. Мутахассиси Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи  «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Раҳмон

Дамонов иброз дошт, ки ба хоҷагии  ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагони «Меҳр»  аз ҷониби лоиҳа 300 адад қуттии махсуси сарфакунандаи об  «Waterbox», истеҳсоли Голландия барои парвариши ниҳолҳо дастрас карда шуд.  Имсол аввали моҳи март дар масоҳати 1 гектар ниҳоли писта шинонида шуд. Дарахти писта ба хушкӣ тобовар буда, барои дар оянда беҳтар намудани вазъи экологии муҳит, аз таназзулёбӣ нигоҳ доштани чарогоҳҳо ва гирифтани даромади иловагии иқтисодӣ шароит муҳайё месозад. Чунин қуттии махсус баъд аз як ё ду соли сабзиши дарахтон аз онҳо гирифта шуда, такроран барои парвариши дигар ниҳолҳо то 10-12 маротиба имконияти истифодашавиро дорад.  Раҳмон Дамонов гуфт, ки ин технология аз ҷониби институтҳои ҷаҳонӣ дар минтақаҳои камбориш ва хушк, дар заминҳои регзамин ва бе об таҷриба шудааст. Таҷрибаҳои институтҳои ҷаҳонӣ нишон додаанд, ки бо истифода аз чунин қуттиҳо дарахтон ва буттаҳои шинонидашуда  то 80-90%  сабзиш мекунанд.

Инчунин аз ҷониби лоиҳа 20 хонаводаи деҳаи Истиқлол бо тухмиҳои хушсифати зироати хӯроки чорво ва нуриҳои минералӣ таъмин карда шуданд, ки онҳо дар масоҳати 6,4 гектар замини лалмӣ кишти зироати хӯроки чорворо ба роҳ мондаанд.

Баъди нисфирӯзи ҳайати рӯзноманигорон ба деҳаи «Ҳасанбегӣ»-и Ҷамоати деҳоти Саймумин Раҳими ноҳияи Темурмалик сафар намуданд.

Деҳаи «Ҳасанбегӣ» дар баландии 931 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Масоҳати умумии заминҳои деҳа 1000 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 400 гектарашро  заминҳои чарогоҳ ва 600 гектарашро заминҳои корами лалмӣ ташкил медиҳанд. Дар деҳаи «Ҳасанбегӣ» 202 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд. Саршумори чорвои шартии деҳа зиёда аз 4 ҳазору 523 сарро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо аз ҷониби муассиса обанбор барои таъмини чорво бо оби нӯшокӣ сохта шудааст.

Вобаста ба мушкилоти деҳа ва дархости ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагон аз ҷониби лоиҳа як адад трактори тамғаи МТЗ 82/1, як адад ядак, як адад испор ва як адад алафдараваки ротории трактор, симтӯру пояҳо барои барқарорсозии ҳолати табиии чарогоҳ таъмин карда шудааст.

Рӯзи дигар хабарнигорон ба деҳаи Остонаи Ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара раҳсипор шуданд.  Дар ин ҷо соли 2017 ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагони  «Остона» таъсис дода шуда буд. Хабарнигорон бо новаҳои обхӯрӣ ва ҳавзи шустушӯи чорво, ки аз ҷониби лоиҳа моҳи сентябри соли 2018 сохта шудааст, ошно шуданд. Мутахассисони соҳа иброз доштанд, ки чорворо пеш аз чарогоҳи тобистона бурдан дар ин ҷо шустушӯ карда, аз ҳар хел ҳашароту касалиҳо тоза мекунанд ва баъд аз баргаштан аз чарогоҳҳои тобистона низ шустушӯ карда мешаванд. Молҳои деҳаҳои дигар, ки ба тобистонгузаронӣ мераванд, дар ин ҷо низ шустушӯ мешаванд. Ва онҳо барои шустушӯи мол ба ҳар як сар 10 дирам пардохт менамоянд. Маблағи ба даст омада барои рушди деҳа сарф карда мешавад.

Соҳаи чорводорӣ барои аҳолии деҳаи Остона соҳаи муҳим ва даромаднок буда, саршумори чорвои шартии деҳа зиёда аз 9 ҳазору 792 сарро ташкил медиҳад. Дар доираи маблағгузории грантии марҳилаи дуюми Лоиҳа ба деҳа 1 адад трактори тамғаи МТЗ 82/1,  як адад тойбанд, як адад испор ва як адад алафдараваки трактор   таъмин карда шудааст. Инчунин 12 хонавода бо тухмиҳои хушсифати зироати хӯроки чорво ва нуриҳои минералӣ таъмин карда шуданд, ки онҳо дар масоҳати 6 гектар замини лалмӣ кишти зироати хӯроки чорворо ба роҳ монданд.

Бояд гуфт, ки Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ маблағгузорӣ шуда, мақсади асосии Лоиҳа- ин паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолии ноҳияҳои фарогир мебошад. Ҳоло марҳилаи дуюми Лоиҳа мавриди амал қарор гирифта, он ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ, Данғара ва шаҳру деҳоти Кӯлобро фаро мегирад.

Раънои НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

Июль 9, 2019 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии содироти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
Коршиносони ширкати Чин бо шароити хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуданд
Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст шуд
Вобаста ба нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар неругоҳи «Сангтӯда -1» ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО-и «Роғун» созишномаи молиявӣ ба имзо расид
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷаласаи муштарак доир гардид
Дар Душанбе масъалаи идоракунии захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар бахши энергетика баррасӣ шуд
Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Озарбойҷон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид