Варзишгари маъруфи тоҷик Саидҷалол Саидов дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо сазовори медали нуқра гардид
ДУШАНБЕ, 20.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Саидҷалол Саидов дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо дар шаҳри Актауи Қазоқистон сазовори медали нуқра гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Ҷоми Осиё оид ба дзюдо дар шаҳри Актауи Қазоқистон 18-19 июли соли равон бо иштироки 175 нафар варзишгар (120 мард, 55 зан) аз 11 давлат баргузор шуд.
Бояд зикр кард, ки Саидҷалол Саидов дар вазни -100кг қувваозмоиро аз даври ҳашякфинал оғоз карда, пас аз пирӯзӣ бар Чингизхон Шокиров аз Ӯзбекистон ва Динахмет Руссимбек аз Қазоқистон ба нимфинал роҳ ёфт. Дар ин давр бар Ибрагим Маргиев аз Россия дастболо шуд, вале дар финал аз намояндаи дигари Қазоқистон Виктор Демяненко мағлуб гардид.
Бояд гуфт, ки Саидҷалол соли гузашта ғолиби ҳамин мусобиқа гардида буд.
Хотиррасон менамоем, ки дар мусобиқаи мазкур аз ҷумҳурии Тоҷикистон 8 нафар варзишгар – 6 мард, 2 зан иштирок доштанд. Дар вазни -60кг Давлаталӣ Назаралиев пас аз пирӯзӣ бар намояндаи Қазоқистон Нуржан Абет, дар чорякфинал аз варзишгари Россия Рамазон Абдуллоев шикаст хӯрд.
Давлаталӣ сипас дар қувваозмоии тасалллобахш варзишгари Озорбойҷон Балабай Ағаевро мағлуб намуд, вале дар мубориза барои ҷои сеюм аз намояндаи дигари Озарбойҷон Яшар Наҷафов шикаст хӯрда, ҷои панҷумро ишғол намуд. Дар вазни -66кг Ҷамолиддин Абдуллоев ва Шаҳзод Воҳидов, дар вазни -73кг Раҳматулло Фарҳодов, Мирзоҷамил Рамазонов, Эраҷ Абдуллоев, дар вазни -81кг Ҳамроз Раҷабов, миёни бонувон дар вазни -48кг Шукрона Қарчиева, дар вазни -52кг Фазилат Гулбоева дар даври муқаддамотӣ аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.








Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ню-Йорк фестивал баргузор менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони тоҷик дар беш аз 80 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ва грэплинг байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид
Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






