САЛОМАТИИ МАРДУМРО ЗЕРИ ХАТАР НАГУЗОРЕД! Дар шаҳри Турсунзода 137 000 кг орди гандуми навъи дуюми пастсифат мусодира карда шуд
ТУРСУНЗОДА, 03.08.2019./АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзии Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Турсунзода дар шаш моҳ 28 ҳазору 350 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзиро аз ташхис гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 383 ҳолат зиёд мебошад.