Анҷоми сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд
ДУШАНБЕ, 25.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. 25 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари бобарори корӣ аз шаҳри Хуҷанд ба пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе баргаштанд.
Сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 то 25 август дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Зафаробод, Деваштич ва Ҷаббор Расулов идома ёфта, дар доираи он Сарвари давлат бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шинос шуда, бо роҳбарону фаъолон, аҳли зиё ва сокинони вилоят суҳбатҳои самимию созанда доир карданд.
Дар доираи ин сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла марказҳои саломатӣ, мактабу кӯдакистон, корхонаҳои саноатии истҳсолӣ, парчаму нишон, биноҳои маъмурии бонки давлатии Тоҷикистон «Амонатбонк», шуъбаи корҳои дохилӣ, амният, адлия, суд, нозироти андоз, роҳи мошингард, хати оби нушокӣ, боғи фарҳангӣ, қасри фарҳанг, зеристгоҳи барқии «Темурмалик»-ро ифтитоҳ карда, ба корҳои таҷдиди Неругоҳи Барқи Обии «Қайроққум» ҳусни оғоз бахшиданд.
Ҳамчунин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагиҳои вилоят бо нашъунамои пахта, кишти картошка ва рушди боғу токпарварӣ шинос шуданд.
Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва Иди харбуза, ангур ва оши палав дастовардҳои меҳнаткашонро тамошо намуданд.
Дар ин сафар низ Пешвои миллат бо хислатҳои ҳамидаи инсондӯстӣ ва дар доираи сиёсати иҷтимоӣ ба 300 нафар ятими кулли вилояти Суғд туҳфаҳои арзанда тақдим карданд.
Бояд гуфт, ки ҳамаи ин тадбирҳо ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва беҳдошти зиндагии мардум равона гардидааст. Мавриди зикр аст, ки баъди ифтитоҳи корхонаҳои саноатӣ, ки маҳсулоташон ивазкунандаи воридот мебошад, садҳо ҷойи корӣ таъсис ёфт. Ин ҳам яке аз ҳадафҳои асосии бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, коҳиш додани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.
Сокинони меҳнатдӯсти вилояти Суғд барои ҳамаи талошҳову тадбирҳои созанда ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карда, дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои муаззами миллатро гарму самимӣ ва бо шукуҳи хоса гусел карданд.









Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»-ро тасдиқ намуданд
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Фиристодаи Махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Горро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара санги асос гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ «Гулнур»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанин оғоз бахшиданд






