Дар Душанбе ҳамоиши солонаи Платформаи шабакаи идоракунии чарогоҳҳо баргузор гардид

Август 30, 2019 14:06

ДУШАНБЕ, 30.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе  бо ибтикори  Муассисаи  давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ҳамоиши солонаи Платформаи шабакаи идоракунии чарогоҳҳо  баргузор гардид. Дар ҳамоиш муаррифии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» дар таҳрири нав, масъалаҳои вобаста ба ҳолат, истифода, танзим ва идоракунии чарогоҳҳо муҳокима гардиданд.

Дар ҳамоиш намояндагони Парлумони Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангал, намояндагони минтақавии  тестии чарогоҳҳо ва раёсатҳои кишоварзӣ, намояндагони ҷамъиятҳои чарогоҳистифодабарандагон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин рушди байналмилалӣ ва ташкилотҳои донорӣ ширкат варзиданд.

Зимни ҳамоиш масъалаҳои гуногун дар мавриди таҳлилҳо оид ба чарогоҳҳои Оқсу, Муъминобод, Зарафшон, Панҷакент ва дигар мушкилоти ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло  Мусозода иброз дошт, «дар мамлакат 3,8 млн гектар чарогоҳ мавҷуд мебошад.  Дар масъалаи тағйиру иловаҳои ба Қонуни нав воридгардида бояд гуфт, ки онҳо дар Вазорати кишоварзӣ мавриди муҳокима ва таҳлил қарор доранд».

Зикр гардид, ки Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар самти беҳтар намудани заминаи истеҳсоли хӯроки чорво барномаю лоиҳаҳоро ба анҷом расонида истодааст.

Инчунин дар ҳамоиш Роҳбари барномаҳои Иттиҳоди Аврупо Марк Виткомб, ҳамоҳангсози лоиҳа Никол Пфефферле ва директори он Шинан Кассам оид ба афзалиятҳои татбиқи лоиҳаи мазкур ибрози андеша намуданд.

«Чорводорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Аз 3,8 млн гектар чарогоҳҳои мамлакат 2,60 фоизро чарогоҳҳои тобистона, 20,5 фоизро чарогоҳҳои зимистона 7,6 фоизро тирамоҳӣ ва 7,3 фоизро чарогоҳҳои ҳама фасли сол ташкил медиҳанд»,- иброз дошт директори Муассисаи мазкур Саъдӣ Каримов.

Мавсуф инчунин доир ба мушкилоти ҷойдошта дар масъалаи нобаробар тақсим кардани чарогоҳҳо иброз дошт, ки сабабҳои асосии он дар амал пурра татбиқ нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳҳо», норасоии техникаи муосир, корношоям гардидани ҳолати мелиоратсионӣ, дар чарогоҳҳо зиёд гардидани алафҳои бегона ва зараррасон, бетартиб чаронидани чорво ва норасоии мутахассисони соҳа мебошанд. Аз ин рӯ тасмим гирифта шуд, ки дар ин ҳамоиш проблемаҳои ҷойдоштаро баррасӣ шуда,   роҳҳои ҳалли он муайян карда шаванд.

Бояд гуфт, ки Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (ФБРК) маблағгузорӣ шуда, мақсади асосии лоиҳаи мазкур- паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолии ноҳияҳои фарогир мебошад.

Дар ҳамоиш  самтҳои асосии лоиҳаи мазкур  аз ҷониби мутахассисон муаррифӣ гардиданд.

Инчунин иштирокдорони ҳамоиш ба саволҳои худ оид ба тағйиру иловаҳои ба Қонуни нави чарогоҳҳо воридшаванда  посухҳои мушаххас гирифтанд.

Аз соли 2013 инҷониб «Платформаи шабакаи идоракунии чарогоҳҳо» як платформаи шабакаи ғайрирасмиро дар байни таҷрибаомӯзон бо ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ҳукуматии сатҳи маҳаллӣ, ноҳиявӣ ва миллӣ, ташкилотҳои донорӣ, инчунин мутахассисон ва тадқиқотчиёни чарогоҳҳо намояндагӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки ҳадафи умумии «Платформаи шабакаи идоракунии чарогоҳҳо»- мусоидат намудан ба идоракунии устувори чарогоҳҳо дар Тоҷикистон мебошад, ки ба  рушди иқтисодии деҳот ва барқарор кардани экосистемаҳои чарогоҳҳо мусоидат мекунад. Ҳадафи мазкур тавассути муколамаи сиёсати миллӣ ва мубодилаи дониш дар асоси таҷрибаи амалӣ ва воқеии аъзои шабакаи идоракуни чарогоҳҳо амалӣ карда мешавад.

Август 30, 2019 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд