ОИНИ ҚУРБОНӢ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛИЮ ДИНИИ ТОҶИКОН. Ва ё замоне фаро расидааст, ки сари масъалаи ҷунунвор пур кардани дастурхон бо анвои хўрдании зиёд бозандешӣ ва тафаккур бикунем

Август 8, 2019 16:50

ДУШАНБЕ, 08.08.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Пас аз чанд  рӯз Иди Қурбон фаро мерасад ва одамон, махсусан кӯдакону наврасон шояд  боз ба идгардак бароянд. Идгардак, ба пиндошти мардуми оддӣ, ҷашни мазҳабиест, ки ҳар сол ду маротиба дар рӯзҳои Иди Фитр ва Иди Қурбон  гузаронида  мешавад. Дар ин рӯз кӯдакон субҳи барвақт хеста, дар даст халта  хона ба хона, кӯча ба кӯча ва маҳалла ба маҳалла мегарданд, идро табрик мегӯянд ва бар ивази он аз соҳибхона туҳфа мегиранд.

Дар назари аввал чунин менамояд, ки ин оин ҷанбаи манфие надошта, барои хурсандии кӯдакон аст. Аммо вақтҳои охир   шеваи имрӯзаи идгардак байни равшанфикрон, донишмандон ва  рӯҳониёни кишвар баҳсҳои зиёдро ба миён  овардааст. Ҳарчанд ҳамаи онҳо андешаҳои худро баён мекунанду паҳлӯҳои гуногуни   идгардакро мавриди таҳлил қарор медиҳанд, лекин аксари онҳо хулосаи якранг пешниҳод менамоянд:   имрӯз идгардак бояд ба танзим  дароварда шавад.

Дар ин бора  таваҷҷуҳ намоед ба мулоҳизаҳои Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло БАРОТЗОДА, ки имрӯз ба ихтиёри АМИТ Ховар» вогузошт.

Омўзиши гузаштаи дури таърихи куҳан ва олами пир бар он далолат мекунад, ки дар ташаккули оину суннатҳои гуногуни умумиин­сонӣ асотири пешиниён таъсири устуворе доштааст. Яке аз чунин  рафтор­ҳои шигифтангез оини қурбонӣ кардан аст, ки аз оғози офариниш ва падид омадани рўзгор дар рўйи замин ҳамрадифи зиндагӣ ва кору пайкори инсонҳо будааст. Шубҳае нест, ки то роиҷ гардидани достони Иброҳим ва забҳи Исмоил тарзу гунаҳои мухталифи қурбонӣ кардани фарзандони бани Одам бо ҳайвон ва дигар ашёи беҷон марҳилаи тўлониеро сипарӣ намуда, ин оини дар зоти худ муқаддас бо боварҳои хурофотии зиёде омехта гардидааст.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар оғози садаи XXI гирифтори вазъияти ниҳоят мураккаби сиёсию иҷтимоӣ ва молиявию иқтисодӣ гардидааст. Вобаста ба ин ченаки арзишҳои фарҳангӣ ва инсонӣ ба таври бесобиқа дар ҳолати зуд тағйир ёфтан қарор дорад. Табодули ниҳоят босуръати иттилоот ва равнақи технологияҳои баланд меъёру боварҳоеро, ки дирўз ҷойгоҳи арзишманд доштанд, имрўз бо роҳу равиш ва тарҳандозиҳои ди­гар баҳогузорӣ мекунанд. Дар ин шароит барои мафҳуму истилоҳоте, ба мисли худшиносӣ ва худошиносӣ, бақои давлату миллат ва ҳувияти мил­лӣ баёну тафсирҳои дорои мазмуну моҳияти нав пешниҳод мегарданд.

Қурбонӣ кардан оини дурударозе дар гузаштаи ҳаёти инсоният дорад. Бар асоси омўзиши адён яке аз нахустин иқдомоте, ки инсон дар кори наздикӣ ҷустан ба худоён роҳандозӣ кардааст, қурбонӣ кардан мебошад. Чунин рафторро пеша кардан реша дар умқи бовару эътиқод ва динҳои гуногун давонидааст. Андешаи ҷомеъ он аст, ки ин корро бори аввал Ҳобил ва Қобил, ки аз зумраи нахустин инсонҳои офаридаи Худованд будаанд, ба иҷро расонидаанд. Дар фарҳанги миллии мо асари безаволи «Шоҳнома» чандин достонҳоеро, ба мисли «Подшоҳии Заҳҳок», «Достони Рустам ва Суҳроб», «Достони Сиёвуш» бо зарфияти руҷўъҳои бадеии монанд ба оини қурбонӣ дар матни худ ғунҷоиш додааст.

Аммо худи вожаи «қурбон» калимаи арабӣ буда, дар асоси шакли масдарии «фуълон» сохта мешавад. Як теъдод калимаҳо бо ҳамин шакл дар забони тоҷикӣ, ба мисли ҷуброн, ғуфрон, султон, буҳрон, фурқон, Қуръон, буҳтон дар ис­теъ­моланд. Маънои аслии луғавии калимаи «қурбон» наздикӣ ҷустан ба Худо ва дарёфти ризомандии Ўст. Ин оин шаклу гунаҳои мухталиф дар тамоми динҳо доштааст, вале барои мусулмонон қурбонӣ кардан аз ҳамон суннати иброҳимӣ маншаъ мегирад. Некў анҷом додани ин амал як ёдоварии хотирмон ва омўзандаи башарият тибқи фармудаи «фӣ сабили-л-Лоҳ» (дар роҳи хушнудии Худо) бар ивази писарро забҳ кардани падар ба расмият даромадааст. Онро бо номҳои иди Қурбон, иди Азҳо ва Гўспандкушон ном мебаранд, ки ба рўзи даҳуми моҳи зилҳиҷҷаи ҳиҷрии қамарӣ рост меояд ва ҳоҷиён ҳангоми адои маносики ҳаҷ дар наздикии мавзеи Минои Макка асосан гўсфанд (инчунин буз, гов ва шутур) қурбо­нӣ мекунанд. Бадбахтона, бо мурури замон ин ибодати дерина аз маъно ва мафҳуми воқеии худ фарсахҳо дур афтодааст. Дар даврони мо бештар одоби зоҳирии он боқӣ мондаасту ҳикмати ахлоқӣ ва инсонмеҳ­варии он коста гардидааст.

Мантиқан ҳаҷ кардан ҳамчун як маросими ҳамраъйӣ ва ҳамдилӣ, воситаи барқарор намудани робитаҳои дўстона, ваҳдати мил­лат­ҳои гуногун ва баробарии ҳамаи қишру табақаҳои ҷомеа, сарфи назар аз ранги пўсту нажод, мақому мартаба ва имкониятҳои молиявӣ дар матни фарҳанги мусулмонӣ нақши басо созанда ва тарбиявиро дорост. Ҷавҳари асосии ҳикмати иди Қурбон тавассути ибодату ниёиш ва анҷом додани корҳои хайру савоб наздикӣ ҷустан ба Худои таъоло ва комёб шудан ба ризоияти ў мебошад. Иди Қурбон аз замони Иброҳими Халил ҳамчун яке аз воҷиботи эътиқодии мўъминон дар тамоми диёноти иброҳимия аз аркон ва одоби махсусе иборат мебошад. Дар оятҳои 102-107-уми сураи Соффот зикр шудааст, ки чун Иброҳим ба назди Исмоили хурдсол омад ва ба ў меҳри беандоза пайдо намуд, Худованд барои озмоиш дар хоб ба ў дастур дод то писараш – Исмоилро дар роҳи Худо қурбон кунад. Ин хоб ду-се шаб пайиҳам такрор мешуд. Иброҳим дарёфт, ки рўъят хоби раҳмонӣ буда, иҷрои он ҳатмӣ мебошад. Пас фарзанди хурдсоли худро ҳамроҳ гирифта, ҷониби саҳро равон гардид. Ниҳоят, ҳарду ба мавзеи муносибе расиданду Иброҳим ба писараш Исмоил амри Худовандро расонид. Исмоил ҳар­чанд ҳоло ҷавон буд, аммо ба амри Худованд розӣ шуд ва ба падараш гуфт: «Эй падарҷон, он чиро, ки Худованд амр кардааст, иҷро кун! Ба зудӣ маро сабркунанда меёбӣ». Он гоҳ Иброҳим хост кордро бар гулўи Исмоил биронад, нидое шунид: «Эй Иброҳим! Бешак барои иҷрои фармони Худованд азми қатъӣ кардӣ, албатта, мо бандагони некўкорро (дар шакли наҷоти Исмоил аз забҳ) чунин подош медиҳем. Ба таҳқиқ, ин як имтиҳон ва санҷиши бузурге буд. Ва Исмоилро ба ивази кабше – гўсфанди сафеди калоне (ки онро Ҷабраил (а) аз биҳишт овард) наҷот додем». Дар шакли ояти қуръонӣ ифода гардидани ин манзара ифодаи қудсияти онро тақвият бахшид. Яъне дар байни таомули одамро куштан ё қурбон кардани инсонҳо инфисол ва ҷудоӣ ба вуҷуд омад. Достони иброҳимии Китоби муқаддаси мусулмо­нон ин амалро аз тариқи забҳи чаҳорпоёни муайян иваз бахшид ва дар айни замон қурбонӣ кардани одам, яъне куштани ҳамдигарро барои инсонҳо макрўҳ муқаррар кард.

Аммо воҷиб гардонидани қурбонӣ кардан дар асоси мазмуни сураи Кавсар собит шудааст: «Ба дурустӣ, ки мо ба ту Кавсарро ато кардем. Пас барои Худо намоз гузор ва қурбонӣ кун. Албатта, душмано­ни ту худ абтар (думбурида, яъне дасткўтоҳ) ҳастанд». Дар заминаи таҷлили Иди Қурбон маносики ҳаҷ ва зиёрати хонаи Каъба дар шаҳри Макка танзим шуд. Анҷом додани фаризаи ҳаҷ ҳамчун яке аз рукнҳои ислом барои ҳар марди болиғу оқил ва озоду муслим ба шарте тавсия мешуд, ки саломатӣ, тавону қудратмандӣ ва имкониятҳои молии адо намудани чунин сафарро дошта бошад ва то баргаштани ў касони дар нафақаи ў буда аз ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти рўзгор ҳеҷ танқисие надошта бошанд.

Мағзу ҷавҳари ҳикмати Иди Қурбон он аст, ки дар замири шахс тавассути ибодату ниёиш ва анҷом додани корҳои хайру савоб наздикӣ ҷустан ба Худои таъоло ва комёб шудан ба ризоияти ў ҳосил гардад. Масъ­а­лаи дар рўъят, яъне хоби раҳмонӣ дастур гириф­та­ни Иброҳим (с) барои қурбон кардани Исмоил дар роҳи Худо ҳамчун имтиҳон ва озмо­и­ши бузург арзиши баланди умумиба­ша­рӣ дорад. Рисолати тарбиявӣ ва ахлоқии Иди мазкур дар изҳори фурў­та­нӣ, фармонбардорӣ, самимияту садоқат ба Худо, ростқавлию иродат­ман­дӣ дар бовару эътиқод ва рафто­ру гуфтор ифода меёбад. Дар доираи риояи маносик ва анъанаҳои рукни ҳаҷ ва ҷашни марбут ба он бо номи Иди Азҳо бояд донист, ки қурбонӣ кардан танҳо ба шахсони дорои шароиту имкониятҳои молӣ воҷиб ва дуруст аст.

Дар зимни баргузории Иди Қурбон куштани чорвои қурбонӣ ва ра­со­ни­дани хайру садақа ба ниёзмандон аз анъанаҳои писандидаи ин ҷашн аст. Агар машрўият ва воҷиб гаштани ин амал бо ояти 2-уми сураи Кавсар собит шуда бошад, пас масъалаи ба кӣ додан ва тақсим кардани он дар ояти 36-37 сураи Ҳаҷ баён гардидааст. Дар ин оят таъкид мешавад, ки «аз он (гўшти чаҳорпои қурбонӣ» бихўред ва ба дарвеши тангдаст ва бенаво бихўронед. Ҳамчунин чаҳорпоёнро барои шумо ром гардонидем, бувад ки шукр кунед. Гўшти қурбониҳову хуни онҳо ба Худо намерасад, валекин ба Вай аз шумо парҳезгорӣ мерасад».

Аҳодиси набавӣ ва фатвоҳои фақе­ҳо­ни мазҳаби ҳанафӣ низ аҳкоми иҷро ва анҷом додани қурбонӣ карданро танзим наму­дааст. Ҳикмати маъмул аз забҳи чорвои қурбонӣ дар анъанаи миллӣ ва мардумии тоҷикон чунин аст: шахси қурбоникунанда баъди кушта­ни чор­вои қурбонӣ нахуст ҳаққи қассобро дода, ўро розӣ мекунад ва бо ёрии ў гўштро ба се ҳиссаи баробар тақсим мекунонад. Аз ин се ҳисса якеашро барои истеъмоли хонаводаи худ нигоҳ медорад, ҳиссаи дуюмро ба ниёз­ман­дону бенавоён (фуқаро ва мискинон) тақсим карда медиҳад ва бо истифо­даи ҳиссаи сеюм таом омода мекунад ва онро ба ҳар касе, ки рўзи ид ба хонааш биёяд, пешниҳод менамояд. Дар ин ҳолат воқеан аҳамияти ахлоқию тарбиявӣ ва ҳикмати ҳам­дигар­ро дастгирӣ намудан дар матни омўзаҳои динию мазҳабии мо намудор мешавад. Дар матни арзишҳои омўзандаи фарҳанги миллии мо ҳамчунин як идда урфу таому­ле, ба мисли рафтан ба аёдати беморон ва пиронсо­ло­ну барҷомондагон, табрики волидайн ва хешони наздик, таваҷҷуҳи мах­сус зоҳир намудан ба хурдсолон, ба оромгоҳи гузаштагон ҳозир шудан ва дар сари қабрашон тиловати Қуръон кардан, изҳори ҳамдардӣ ба шахсо­ни азодор ва кумаки холисонаи моддӣ расонидан ба ниёзмандон маъ­мул гардидааст, ки ҳам­чун рафтори писандидаи идона пазируфта меша­вад.

Аз нигоҳи динию фиқҳӣ қурбонӣ кардан назди аксари уламои ислом суннат аст ва дар мазҳаби Имом Абўҳанифа (р) воҷиб аст. Вале воҷиб шу­да­ни ин амр се шарт дорад: якум, шахс мусулмони озод бошад; дуюм, муқим бошад; сеюм, сарватманду доро бошад. Яъне қурбонӣ кардан барои мусулмони озод, сокину муқим дар ватану манзили худ ва дорои ҳадди нисоб, (ки соли 2019 – 20000 сомонӣ муайян гардидааст), воҷиб мегардад. Аз гўшти қурбонӣ метавон миқдореро ба мардум бихўронд ва қисмати дигарро барои аҳли хонаводаи худ захира кард. Урфи маъмул дар суннати қурбо­нӣ он аст, ки аз се як ҳиссаи он ҳамчун садақа тақсим гардад, аз як ҳиссаи он ба фақирону мискинон таом дода шавад ва як ҳиссаи дигар захира гардад. Ва низ ҷоиз аст, ки шахси қурбоникунанда аз гўшти қурбонӣ бихўрад, ба дига­рон хўронад ва ба касе, ки хоҳад, бибахшад. Агар тамоми гўшти қурбониро садақа кунад, ҷоиз аст. Касе назр карда бошад, ҳамаи гўшти қурбониро ба бенавоён тақсим карда медиҳад, чизе аз он намехўрад ва бо он сарват­ман­донро намехў­ро­­над. Зеро ба сабаби назр кардан садақаи ҳамаи гўшти қурбонӣ воҷиб мегардад. Ҳамчунин бояд донист, ки барои оилаи серфарзанд ва шахсе, ки масъулияти сарпарастии чандин касро ба зимма дорад, фақеҳо­ни мазҳаб беҳтар шумурдаанд, ки ҳамаи гўшти қурбо­ни­ро барои худ за­хи­ра карда, барои эҳтиёҷоти онҳо истифода барад.

Бояд таъкид намуд, ки тибқи далолати аҳодиси набавӣ ва фатвоҳои фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ аслан доир ба оростани дастурхо­ни идона ҳеҷ дастуру таъкиди махсусе мавҷуд нест. Вале мардуми мо то ҳанўз дар оростани дастурхони идона ба зиёдаравию исрофкорӣ ва зиён ворид намудан ба буҷаи оилавӣ роҳ медиҳанд. Дар натиҷа ҷанбаҳои маънавӣ ва ахлоқию тарбиявии ин иди динӣ фаромўш мешавад, фурўта­нию фар­мон­бар­дорӣ ҳамчун хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарғиб намегар­дад, балки ҳама чиз дар атрофи тановул кардани хўроки аз андоза зиёд, яъне арзишҳои истеъмолӣ фаҳмида мешавад. Дар омўзаҳои динии мо аслан барои пазироии ҳама гуна меҳмон, ба хусус дар рўзҳои Идайн таҳам­мули сарфу хароҷот ва кулфату машаққа­ти аз тавоноӣ бештар сароҳатан манъ карда шудааст. Аз ин рў, ҳангоми пазироию омо­дагӣ ва густурдани дастурхон ба хотири ид ис­роф­ко­рӣ, худнамоӣ, манма­нию зоҳирпарастӣ нишон додан­ро набояд бо фарҳанги куҳани миллати тоҷик ва андешаҳои таҳаммулгарои мазҳаби он айният дод. Арзишҳо ва муқаддасоти дини мубини ислом ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад, ки шахси мусулмон бо дасти худаш ба сатҳи некўаҳволии хонаводааш зиён ворид намояд. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳам доир ба масъалаи риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҷуз ғамхорӣ зоҳир намудан барои некўаҳволии мардум, истифодаи мақсадноки пасандозҳои онҳо ва баланд бардоштани сифати сармояи инсонӣ дар қаламрави кишвар ҳадафи дигаре надорад.

Ҳоло дар оғози асри XXI замоне фаро расидааст, ки ҳангоми омадани идҳои Фитр ва Қурбон андаке дар масъалаи ҷунунвор пур кардани дастурхон бо анвои хўрдании зиёд, ки дар он барои афтодани сўзан ҷое набошад, бозандешӣ, тафаккур ва тааққул бикунем. Бояд идрок кардан, ки пешниҳоди маводи хўроквории фаровон болои дастур­хон ба ҷуз ифодаи бефарҳангӣ ва аз тариқи исрофкорӣ ба буҷаи худ зиён овардан чизи дигаре нест ва метавонад боиси тамасхур ва писханду накўҳиши мардуми мо аз ҷониби намоян­даго­ни қавму миллатҳои дигар гардад. Бар замми ин, харидории лояъқил ва малахвор лесида бурдани хўрданию нўшиданию пўшиданиҳо аз раставу бозорҳо пеш аз фарорасии идҳои динӣ бо арзишҳои волои фарҳангию ахлоқии миллати мо ҳеҷ созгорие надорад. Ҳассосияти ин масъала боз дар он аст, ки барои оростани дас­тур­хони идона тақрибан ҳамаи оила­ҳои мусулмони кишвар омодагӣ меги­ранд ва рафтори нодуруст дар хари­ди аз меъёр зиёди маводи хўрока омили гарон шудани нархи он мегардад. Кас рафтори мардуми моро дар арафаи фарорасии чунин идҳо мушоҳида карда, ба андешае фурў меравад, ки Худо нахоста, магар баъд аз гузаштани ид рўзи қиёмат фаро мерасида бошад. Доир ба густурдани дастурхон ва мазмуну муҳтавои он дар рўзҳои ид ягон дастури мушаххас дар сарчашмаҳои шаръӣ наомадааст ва ин масъала ба урфу анъанаҳои ҳар минтақа вобаста аст, ки танзими он ба дўши роҳбарият ва мардум вогузошта мешавад. Айнан ҳамин тавр масъалаи идгардаки кўдакон, идгардаки алоҳидаи занон ва мардон, ки дар байни мардуми мо маъмул шудааст, ба аҳком ва омўзаҳои шаръию динӣ ҳеҷ решапайванде  надо­рад. Тибқи урф ва истислоҳ (яъне салоҳу манфиати мардум) бояд танзи­ми ин масъалаҳо роҳандозӣ шавад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нерўҳои созандаи кишвар бояд аз рўйи ақлу идрок ва мантиқ қазоват кунанд, ки аз саҳари солеҳон бо баҳонаи идгардак дар ба дари мардум «ид муборак» гўён чизаке талбидани кўдакон чӣ аҳаммияти тарбиявию ахлоқӣ ва равонӣ дар ташаккули шахсияти тифлони маъсум дорад?! Ҳамчунин бо мақсади пазироии идгардаки мардон, идгардаки занон, идгардаки ҷўраҳои писари хона, идгардаки дугонаҳои духтари хона ва боз идгардаки вежаи домуллоҳои масеҳодам тоза ба тоза дастурхон андохтан ва хўрокҳои нав ба нав пухтан магар камоли бефарҳангӣ, ҳамоқат, бефаросатӣ ва ҷаҳолат нест?! Аламовар ин аст, ки дар ин қабил «гардак»-ҳо ба ҷуз ҳарзагўӣ, суханчинӣ, қофиязаниҳои бемаънӣ ва пурхўрӣ ҳеҷ амали дигари қобили мулоҳизае анҷом намепазирад. Баръакс, одобу ахлоқи динӣ талаб дорад, ки мўъмини мусулмон вақтро зоеъ накунад ва умри қиматро беҳуда нагузаронад. Аз ҳамин ҷост, ки аслан хамирмояи асосии ин ҷашн (ба ғайр аз касоне, ки фаризаи ҳаҷро анҷом медиҳанд) дар адои намози ид ва барои худ қурбонӣ кардани шахсони тавоноидошта ҷамъбаст мешавад.

Роҳбарияти олии сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави муқаррароти Конститутсияи кишвар риояи озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин­ро ҳамчун арзишҳои волои мардуми мусулмони кишвар кафолат додааст. Дар шароити зиндагии озоду ободи давлати демократии ҳуқуқбунёд мардуми мусул­мони Тоҷикистон имконият пайдо карданд, ки ҷанбаҳои нодиру созан­даи таълимот ва анъанаву маросими динӣ, махсусан, тарғиби дўстию муҳаббати байниҳамдигарӣ, бахшидани гуноҳу камбудиҳои ҳамдигар ва хабар гирифтан аз аҳволи беморон, дастгирии ятимону маъюбон, муҳтоҷону камбизоатон ва суннатҳои неки дигарро густариш дода, анъанаву маросими эътиқо­дии худро бо арзишҳои навэҷоди миллӣ, аз ҷумла таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба забони модарӣ, эҳтироми сарулибоси миллӣ, дурӣ ҷустан аз пайравии анъанаҳои барои миллату фарҳанги мо тамоман бегона, саҳмгузорӣ дар рушду ободии Ватан ва осуда­гии ҳар як хонаводаи тоҷик ғановати тоза бахшанд.

Сазовори махсус ёдовар шудан аст, ки дар шароити муосир ҳифзи ун­сур­ҳои аслию бунёдии фарҳанги миллӣ шарти бақо ва вазифаи авва­лин­­дараҷаи ҳар як фард, ҷомеа ва давлати соҳибистиқлол маҳсуб мешавад. Ин падида дар вазъияти густариши бесобиқаи табодулу бар­хўр­ди фарҳангҳо ва таҳоҷуми арзишҳои динию мазҳабӣ дар байни кишварҳои ҷаҳон аҳаммияти аз ҳарвақта бештаре касб намудааст. Танҳо мавқеи дурусти меҳандўстию фарҳангсолорӣ ихтиёр кардан моро ба соҳили мақсуд ва ормонҳои миллӣ бурда мерасонад.

Файзулло БАРОТЗОДА,
директори М
аркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 8, 2019 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби бодоми талх витамини B 17 мавҷуд буда, истеъмоли он ҳуҷайраҳои саратонро нест менамояд