Сироҷиддин Муҳриддин: дар зиндонҳо ва урдугоҳҳои Ироқ ва Сурия қариб 600 шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 02.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Дар зиндонҳо ва урдугоҳҳои Ироқ ва Сурия қариб 600 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд», — иттиллоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.
Ба гуфти Сироҷиддин Муҳриддин, дар зиндонҳои Ироқ 43 зан ва як кӯдак, дар урдугоҳҳои Сурия қариб 554 шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд. Аз ин шумора дар урдугоҳҳои Сурия 86 зан, 228 духтарони ноболиғ ва 240 писарони ноболиғ қарор доранд.
Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки масъалаи баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан зери назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баргардондани шаҳрвандон бо ҳукуматҳои Ироқ, Сурия ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунад. Дар ин росто сафоратҳои Тоҷикистон дар минтақа барои гуфтушунид бо мақомоти далодори ин кишварҳо вазифадор шудаанд.








Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо губернатори Маномаи Подшоҳии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Фонди рушди Абузабӣ мулоқот намуд
Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






