Душанбе — мизбони ҷаласаи 41-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин

Сентябрь 17, 2019 08:07

ДУШАНБЕ, 17.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 17 сентябр, соати 14:00, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи 41-уми Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад.

Тавре аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷараёни ҷаласа 11 масъала, аз ҷумла  натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи корӣ дар самти номгузории ҷуғрофӣ ва мубрамсозии бюллеттени электронии тағйирдиҳии номҳои ҷуғрофӣ дар ИДМ, фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи лоиҳа дар бораи инфрасохтори маълумоти фаромиллӣ, фаъолияти Гурӯҳи корӣ дар самти коркарди «Луғати истилоҳҳои муосир, ки дар соҳаи геодезия, харитасозӣ ва системаи маълумоти ҷуғрофӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин истифода мешаванд», фаъолияти Гурӯҳи корӣ  дар самти коркарди пешниҳод дар хусуси сертификатонӣ ва қонунигардонии фаъолият дар бозори меҳнати соҳавӣ дар кишварҳои ИДМ ва ҳуҷҷатгузорӣ оид ба такмили ихтисос дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин дар давраи то ин ҷаласа, интихоби раиси Шӯрои байнидавлатии давлатҳои ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин барои давраи соли 2020 ва дигар масъалаҳои марбут ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, намояндагони ҳайатҳои расмӣ аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия иштирок менамоянд.

Сентябрь 17, 2019 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд