НЕЪМАТЕ БУЗУРГ. Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонид

Сентябрь 2, 2019 11:23

ДУШАНБЕ, 02.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Таърихи сиёсии мамолики гуногун борҳо собит сохтааст, ки раванди бунёди давлату давлатдорӣ мушкил ва хеле пурихтилоф буда, ҳар як марҳалаи инкишофи он хусусиятҳои хоси худро дорад. Ин марҳалаҳо метавонанд орому сокит ва ё баръакс, муташанниҷу ноором ҷараён ёфта, хатарҳои бузургро дар роҳи мавҷудияти минбаъдаи давлат эҷод намоянд.

Маҳз аз ҳамин сабаб бисёр миллатҳо аз давлатдории худ бенасиб гашта, фарҳангу забони худро ба нестӣ дода, дар маҷрои пурталотуми таърих симои миллиашонро гум кардаанд, зеро натавонистанд имконияти таърихиеро, ки барои пойдории онҳо фароҳам оварда буд, максаднок истифода баранд. Имконияте, ки на ҳама вақт муяссар гаштанаш мумкин аст. Дар ин радиф тоҷикон, хушбахтона, аз ҷумлаи он миллатҳое мебошанд, ки тавонистанд ин имконияти таърихиро сазовор  истифода баранд ва соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гарданд.

Имрӯз Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувор ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва аркони давлатдории миллӣ қарор дорад. Дар чунин марҳала тамоми кӯшишу талошҳои мо бояд ба он сафарбар карда шаванд, ки истиқлолият дар радифи “миллат”, “ватан” ва “ваҳдат” ба мафҳуми ҷудонашавандаи ҳастиву шуур, ҷаҳонбинӣ ва арзиши бунёдии зиндагии ҳар як шаҳрванд мубаддал гардад.

Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро рушд диҳад ва бо аксар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барқарор намояд. Хусусан, бо пешбурди «сиёсати дарҳои боз», ки аз соли 2003 роҳандозӣ шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ гардид, ки мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ устувор созад. Аз ҷумла, яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон «сиёсати дарҳои боз» мебошад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи хоси худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кардааст ва дар сиёсати хориҷии худ соҳибташаббус мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудани чандин пешниҳодҳои глобалии он далели возеҳи ин гуфтаҳост. Тибқи андешаи мантиқии Пешвои миллат, «Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонид».

Дастоварди дигари давраи мазкур эҳё ва барқарор намудани аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии он буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муҳлат бо дастгирии мардуми шарифи худ сохти конститутсионӣ ва фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи ҳокимиятро барқарор карда, амалан дар ҷои холӣ Артиши миллӣ таъсис дода, шохаҳои нави ҳокимият ва дигар сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташкил шуданд.

Қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар таърихи давлатдорӣ саҳифаи наве оғоз намуда, асосу пойдевори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гардид. Минбаъд такмили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо имкон фароҳам овард, ки дар мамлакат парламенти касбии дупалатагӣ таъсис дода шавад. Қобили зикр аст, ки он солҳо Тоҷикистон миёни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дуюмин давлате буд, ки ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлат ва баъдан таъсиси парламенти касбии дупалатагиро бо роҳи интихоботи озод ва бо майлу иродаи мардум қабул намуд. Шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин маротиба имкон пайдо намуданд, ки озодона ва бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда самтҳои стратегӣ ва дурнамои рушди ҷомеаро барои даҳсолаҳои минбаъда мустақилона муайян намоянд.

Дар нимаи дуюми соли 2000 рӯйдоди хеле муҳим, ки дар даврони истиқлолият ба вуқӯъ пайваст, ба муомилот баровардани яке аз нишонаҳои давлати соҳибистиқлол — пули миллӣ, яъне сомонӣ буд, ки он ба болоравии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ва раҳоии ҷумҳурӣ аз буҳрони иқтисодӣ, инчунин беҳдошти ҳолати молиявӣ, муътадил гардидани буҷети давлатӣ ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мусоидат намуд.

Даҳсолаи дуюми давраи Истиқлолияти давлатӣ, яъне оғози соли 2000-умро метавон давраи гузариши ҷиддӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум номид. Ин марҳилае буд, ки давлат аз марҳилаи «кӯшиш баҳри сулҳ» ба давраи «кӯшиш баҳри рушд» қадам ниҳод. Фазои сулҳу субот имкон дод, ки дар мамлакат барномаҳо ва стратегияҳои миёнамуддат ва дарозмуддат таҳия ва мавриди амал қарор дода шаванд. Тоҷикистон зина ба зина дар арсаи байналхалқӣ эътибори арзандаро соҳиб шуд.

Имрӯз Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти давраи ҷаҳонишавӣ ба марҳалаи сифатан нави тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии худ ворид гардидааст, ки пайгирона вусъат бахшидани ислоҳот, таъмин намудани самаранокии татбиқи он, рушди устувори иқтисодӣ ва бо ҳамин роҳ зина ба зина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва фароҳам овардани шароит барои рӯзгори шоистаи шаҳрвандони мамлакат вазифаҳои асосии ин давраи рушд мебошанд.

Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли се даҳсола барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.

Зеро дар ин давра дастёбӣ ба шинохти асолати таърихии миллат, мақому мартаба ва ҷойгоҳи он дар таърихи тамаддуни башарӣ аз ҷумлаи муҳимтарин самтҳои сиёсати давлати Тоҷикистон буд, ки ин сиёсати ваҳдатсоз аз бузургдошти таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон ва симоҳои барҷастаи фарҳангӣ оғоз гардида, барои пешрафти корҳои мо дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин фазои мусоид фароҳам овард.

Бинобар ин, мо бояд ҳамеша аз истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷовидонӣ мебошанд, шукрона карда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Марҳилаи муосири рушд  барои давлатҳои миллӣ, аз ҷумла Тоҷикистон  падидаҳои нав эҷод намудааст. Тамоюлҳо хосияти фаромиллӣ дошта, дар сатҳу зинаҳои мухталиф ба фазои сиёсии мамлакат таъсир мерасонанд. Аз ин рӯ, ҳифзу нигоҳдошти Истиқлолият беш аз пеш ба манфиатҳои муҳимтарини давлат табдил меёбад.

Ҷомеа имрӯз дар шароити таҳаввулоти босуръат ва бисёр мураккаби ҷаҳони муосир қарор дорад, ки дар он раванду тамоюлҳои гуногуни манфӣ низ ҳастанд ва метавонанд ба истиқлолият, пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва гузашта аз ин, ба ҳастии миллат хатар эҷод намоянд. Бо густариши ин раванду тамоюлҳо, ки тибқи таҳлилу пешгӯиҳо дарозмуддат хоҳанд буд, таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ ба амнияти минтақа ва ҷаҳон боқӣ мемонанд. Ҳатто имрӯз бо истифода аз неру ва дигар воситаҳои харобиовар, аз ҷумла тавассути аъмоли террористиву ифротгароӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи фаромиллӣ, инчунин бо роҳи тавсеаи муборизаҳои иттилоотӣ кӯшиши дахолат намудан ба умури дохилии давлатҳои мустақил густариш пайдо кардааст.

Аз ин рӯ, дар шароити торафт афзудани хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа ва ҳаётӣ пайдо мекунад ва чунин вазъ ҳамаи кормандони сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, тамоми хизматчиёни давлатӣ, инчунин ҳар як фарди бонангу номуси миллатро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида бештар масъулиятшинос ва ҳушёру зирак бошанд.

Дар чунин шароит Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил бо масъалаҳое рӯ ба рӯ мегардад, ки ояндаи ҳифзи ҳувияти миллӣ ва давлатдории тоҷикон ба чигунагии ҳалли онҳо вобастагии амиқ дорад.

Дар марҳалаи ҷаҳонишавӣ талоши халқу давлатҳо, бахусус барои шинохт ва ҳифзи асолату ҳувият, муқаддасоту арзишҳои миллӣ ва сирати иҷтимоиву маънавӣ авҷ мегирад. Аз ин ҷиҳат, арҷгузорӣ ба арзишҳои ҳаётиву созандаи миллӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо якҷо бо дастовардҳои навин дар раванди тақвияти асолат ва ҳувияти миллӣ аҳамияти хосса касб менамояд.

Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад. Аз ин лиҳоз, мо тарғиби суннату анъанаҳо ва арзишҳои волои таъриху фарҳанги миллатамонро танҳо бо мақсади парваридани эҳсоси худшиносӣ дар қалбҳои мардуми худ ва наслҳои оянда ба роҳ мемонем.

 

Наҳтулло НАЗАРОВ,

роҳбари дастгоҳи

Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти ҶТ

 

 Мирзо АШӮРОВ,

коршиноси масоили сиёсии

Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти ҶТ,

Корманди шоистаи ҶТ

Сентябрь 2, 2019 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин